Арабистони Саъудӣ чаҳор занро ба хотири ташвиқи писаронашон ба "ҷиҳод" маҳкум кард

  • 23 Октябр, 2014
Image copyrightAP
Image caption Яке аз иттиҳомоти занони маҳкум ташвиқи писаронашон ба пайвастан ба гурӯҳҳои ҷиҳодӣ будааст

Дар Арабистони Саъудӣ чаҳор зан ба ҷурми ташвиқи писаронашон ба ҷанги ҷиҳодӣ дар хориҷ ва ҳимоят аз шабакаи Алқоъида муҳокима ва ба зиндон маҳкум шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Арабистон иттиҳомоти ин чаҳор зан аз ҷумла шомили доштани ақоиди инҳирофии муғойири қуръон ва суннат, ҳимоят аз шабакаи Алқоъида, ташвиқ ва кумак ба баъзе аз писаронашон барои сафар ба хориҷ ба манзури ширкат дар ҷанги таҳти фармондиҳии гурӯҳҳои терруристӣ, узвият дар гурӯҳҳои ифротӣ дар дохили кишвар, истифода аз васоили иртиботи ҷамъӣ барои ҳимоят аз селулҳои терруристӣ ва паноҳ додан ба афроди таҳти таъқиб ва иртибот бо гурӯҳҳои мунҳарифи дохилӣ ва хориҷӣ будааст.

Иттиҳомоти истифода аз васоили иртиботи ҷамъӣ дар ин парванда зоҳиран шомили муроҷиа ба вебсойти гурӯҳҳои тундрав дар интернет ва мушоҳидаи видиюҳои мунташиршуда аз суи ин гурӯҳҳо будааст.

Бар асоси ин гузориш ин чаҳор нафар ба давраҳои зиндон аз шаш то даҳ сол маҳкум шудаанд ва сӣ рӯз барои таҷдидиназархоҳӣ аз ин ҳукм фурсат доранд.

Хабаргузории Арабистони Саъудӣ тавзеҳ надодааст, ки ҷароими мавриди назар дар чӣ замоне рӯй дода ва муттаҳамон шаҳрвандони чӣ кишваре будаанд, ҳар чанд ҳукми додгоҳ барои се тан аз онон шомили мамнуъияти сафар ба хориҷ низ ҳаст, ки қоидатан ҳокӣ аз он аст, ки онон шаҳрванди Саъудӣ ҳастанд.

Image copyrightReuters
Image caption Подшоҳи саъудӣ барои ширкат дар ҷанги хориҷӣ бист сол ҳабс таъин кардааст

Дар ҳоле ки бархе мухолифони Арабистони Саъудӣ ҳукумати он кишварро ба ҳамсуии ақидатӣ ва ҳатто иртибот бо исломгароёни тундрав муттаҳам мекунанд, аммо ахиран шайх Абдулазиз Ашшайх, болорутбатарин рӯҳонии ваҳҳобӣ дар Арабистон ба ҷавонони мусалмон ҳушдор дод таҳти таъсири даъват ба ҷиҳод "бар асоси усули инҳирофӣ" қарор нагиранд. Ишораи ӯ ба судури ҳукми ҷиҳод аз суи гурӯҳи Давлати исломӣ - Доъиш - аст.

Шайх Абдулазиз гурӯҳҳои ҷиҳодӣ, Алқоъида ва Давлати исломиро "душмани шумораи яки ислом" тавсиф кард.

Дар соли 2011 давлати Арабистони Саъудӣ додгоҳҳои вижаеро барои муҳокимаи шаҳрвандони хориҷии муттаҳам ба узвият дар шабакаи Алқоъида ва ҳамалоти мусаллаҳона дар дохили он кишвар эҷод кард. Авоили соли ҷорӣ ҳам малик Абдуллоҳ, подшоҳи Саъудӣ бо судури фармоне барои шаҳрвандони ин кишвар, ки ба манзури ширкат дар амалиёти мусаллаҳона ба хориҷ азимат кунанд, муҷозоти бист соли ҳабсро таъин кард.

Пештар гузориш шуда буд, ки садҳо тан аз шаҳрвандони Саъудӣ ба манзури ширкат дар ҷанги дохилии Сурия ба он кишвар азимат кардаанд.

Матолиби муртабит