Ҳазор зарбаи шаллоқ ва даҳ соли зиндон барои блогнависи Арабистон

  • 8 Май, 2014
Роиф Бадавӣ
Image caption Роиф Бадавӣ ба ҳазор зарбаи шаллоқ ва пардохти як миллиюн риёли Арабистони Саъудӣ маҳкум шудааст

Додгоҳе дар Арабистони Саъудӣ Роиф Бадавӣ, як блогнависи он кишварро ба иттиҳоми "тавҳин ба ислом" ва барпо доштани вебсойт барои тарвиҷи афкори озодихоҳона (либеролӣ) дар интернет ба даҳ соли зиндон маҳкум кардааст.

Ин веблогнависи саъудӣ ҳамчунин ба як ҳазор зарбаи шаллоқ ва пардохти як миллиюн риёли саъудӣ (266 ҳазор дулор) маҳкум шудааст.

Афви Байналмилал (АБ) раъйи содираро "шармовар" хонда ва аз мақомҳои Арабистон хоста, ки онро лағв кунанд.

Оқои Бадавӣ, ки яке аз муассисони "Шабакаи либероли Саъудӣ" аст дар соли 2012 боздошт шуда буд.

Як рӯзномаи саъудии наздик ба давлат гузориш дод, ки дархости оқои Бадавӣ барои таҷдиди назар ва коҳиши муддати зиндон ба ҳафт солу се моҳ ва 600 зарбаи шаллоқ дар додгоҳи таҷдиди назар рад шудааст.

Ӯ соли пеш аз иттиҳоми куфр, ки метавонист муҷозоти маргро барои ӯ ба ҳамроҳ дошта бошад, табраъа шуд.

Оқои Бадавӣ хоҳони он шуда буд, ки рӯзи ҳафтуми моҳи май "рӯзи либеролҳои Саъудӣ" дар назар гирифта шавад. Вебсойте, ки ӯ роҳ андохта буд, баста шудааст.

Афви Байналмилал, аз созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар Роиф Бадавиро як зиндонии ақидатӣ хонда ва хоҳони озодии ӯ шудааст.

Матолиби муртабит