'Ба ман даст назан': Кӯдакозорӣ дар Арабистони Саъудӣ
Image copyrightnonПулиси Арабистони Саъудӣ мегӯяд мардеро, ки тасовири видеуияш дар ҳоли озори ҷинсии духтари худсоле мунташир шуда, боздошт кардааст.
Пулис дар устони шарқии Даммом мегӯяд ин мард бисту чандсола аст ва собиқаи маҳкумияти ҷазоӣ дорад.
Видеуе, ки дар Ютюб мунташир шуда, духтари хурдсолеро нишон медиҳад, ки дар муқобили осонсур (лифт) танҳо истода, ки мард ба ӯ наздик мешавад ва шурӯъ мекунад ба ламси ин духтари хурдсол.
Гузориш ё суҳбат дар мавриди озори ҷинсии кӯдакон дар ҳама ҷойи ҷаҳон мавзӯъе ҳассос аст. Вале дар ҷомеъаи муҳофизакори Арабистон корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ ахиран ин тобуро шикастаанд ва башиддат ба ин мавзӯъ пардохтаанд.
Корбарон хашми худро бо дидани видеу иброз кардаанд ва дар шабакаҳои иҷтимоъии ҳаштаги "мардеро, ки духтари хурдсолеро озори ҷинсӣ медиҳад", боз кардаанд, то ин амалро маҳкум кунанд ва дар мавриди ин ки чи муҷозоте бояд барои ин афрод дар назар гирифта шавад, баҳс кардаанд.
Гурӯҳе ҳам ҳаштаге (hashtag) дар мавриди озори ҷинсии кӯдакон эҷод кардаанд ва дар мавриди ин ки чи тур метавон мутаваҷҷеҳи озори ҷинсӣ шуд ва чи тур бояд онро гузориш кард, тасовири омӯзишӣ ва видеуҳоеро ба иштирок гузоштаанд.
Яке аз видеуҳое, ки беш аз ҳама дар интернет ба иштирок гузошта шуда, видеуе аст дар мавриди ин ки чи тур падару модарҳо ба кӯдаконашон омӯзиш бидиҳанд, ки бо озори ҷинсии эҳтимолӣ бархӯрд кунанд.
Дар арзи 48 соъат то 10 январ ин ҳуштаг беш аз сад ҳазор бор твит шуда ва ин видеуи омӯзишӣ тавассути 170 ҳазор корбари интернет мушоҳида шудааст.
Ин гуфтмон ба шеваҳои мухталиф дар шабакаҳои иҷтимоъии Арабистони Саъудӣ матраҳ шудааст.
Аксҳое аз китобе бо унвони "Ба ман даст назан" барои муқобала бо кӯдакозорӣ дар интернет мунташир шудааст.
Ин аввалин бор нест, ки дар мавриди озори ҷинсии кӯдакон дар Арабистони Саъудӣ баҳс мешавад, вале ҳаҷми вокуниш то ҳол ба ин шиддат набудааст.
Истифодаи густарда аз шабакаҳои иҷтимоъӣ ва интернет дар ҷомеъаи башиддат муҳофизакори Арабистони Саъудӣ ҳоло баҳс дар мавриди мавзӯъотеро, ки дар дунёи воқеъӣ душвор аст, осонтар кардааст.
