Шӯриш дар боздоштгоҳи коргарони муҳоҷир дар Арабистони Саъудӣ
Image copyrightAFPБа гуфтаи пулиси Арабистони Саъудӣ дар як боздоштгоҳи коргарони муҳоҷир шӯрише рӯй додааст, ки дар асари он як нафар кушта ва 9 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Ин боздоштгоҳ, ки "Ашшамисӣ" ном дорад, маркази нигаҳдории коргароне аст, ки ба далели надоштани мадорики лозим аз Арабистони Саъудӣ ихроҷ шудаанд ва мунтазири бозгардонда шудан ба кишварҳояшон ҳастанд.
Пулиси Арабистони Саъудӣ мегӯяд, ки бо ҳуҷуми коргарони ихроҷӣ пулис барои ҷилавгирӣ аз леҳ шудани онҳо зери дасту по маҷбур ба дахолат шудааст.
Давлати Арабистони Саъудӣ баъд аз ба сар расидани муҳлати афви коргарони муҳоҷир дар моҳи ноябр садҳо ҳазор коргари хориҷиро, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ин кишвар кор мекунанд, ихроҷ кард.
Моҳи гузашта Дидабони ҳуқуқи башар аз шароити боздоштгоҳҳои коргарони ихроҷӣ шадидан интиқод кард.
