Марги 15 зоир дар оташсӯзӣ дар Мадина

  • 9 Феврал, 2014
Image copyrightReuters

Расонаҳои Арабистони Саъудӣ гузориш додаанд, ки ҳадиақал 15 нафар дар оташсӯзӣ дар як ҳутели маҳали искони зоирон дар Мадина кушта шудаанд.

Гузориш шуда, ки ҳади ақал 130 нафар низ дар ин ҳодиса маҷруҳ шудаанд.

Мақомоти расмӣ гуфтаанд, ки ҳутел дар шарқи Мадина воқеъ будааст ва оташсӯзии он шанбе аср оғоз шуд.

Ҳудуди 700 нафар аз кишварҳои мухталиф дар ин ҳутел сокин будаанд, аммо ҳанӯз мушаххас нест, ки кушташудагон аз кадом кишвар ё кишварҳо ҳастанд.

Бо ин ҳол телевизиюни Миср мегӯяд, ки зоирони мисрӣ дар миёни ҷонбохтагон будаанд.

Як сухангӯи вазорати умури хориҷаи Миср гуфт, ки давлати он кишвар дар талош барои таъйиди теъдоди афроди ҷонбохтаи мисрӣ аст.

Бозмондагон ҳамагӣ ба ҳутелҳои дигаре дар Мадина мунтақил шудаанд.

Мақомоти саъудӣ гуфтаанд, ки пас аз ҷобаҷоии зоирон таҳқиқот барои таъини иллати оташсӯзӣ оғоз шудааст.

Матолиби муртабит