Чиро Твиттер ин қадар дар Арабистон пуртарафдор аст?
Image copyrightAFPҲаштаги #чиро_Твиттер_дар_Арабистон_муваффақ_буда, тарафдорони зиёде дорад. Бисёре аз саъудиҳо мегӯянд Твиттер ба онҳо озодии изҳори назар медиҳад, он ҳам дар кишваре, ки дар он маҳдудиятҳои зиёде вуҷуд дорад.
Аз чанд рӯз пеш ки ин ҳаштаг ба роҳ афтод, беш аз 10 ҳазор твит дар бораи он анҷом шудааст. Шаҳрвандони Арабистони Саъудӣ аз ҷумлаи пуркортарин корбарони Твиттер ҳастанд. Дар натиҷа тарҳи ин савол мавзуъият дорад.
Аммо посухҳои корбарони саъудӣ дар Твиттер ҳеҷ иртиботе бо масоили фаннӣ назири зариби нуфузи интернет ё мизони дастрасӣ ба телефуни ҳамроҳ надорад.
Дар яке аз ин твитҳо омада: "Чун дар ин ҷо метавонем чизҳоеро баён кунем, ки дар зиндагии воқеъӣ наметавонем онҳоро бигӯем. Дар воқеъ фурсате барои нафас кашидани бидуни тарс аз саркӯбӣ аст, ки таҳти он зиндагӣ мекунем."
Дар як твити дигар омада: "Демукросии воқеъӣ ин аст. Ҳама метавонанд ҳарфашонро бизананд; аъам аз фақир ва ғанӣ ва шоҳзода ва шаҳрванди оддӣ."
Твитҳои дигар ҳам ҳамин ҳолу ҳаворо доранд.
Шояд яке аз онҳо, ки як акс аст ва борҳо ва борҳо твит шуда, беҳтар аз ҳама вазъиятро хулоса мекунад. Дар ин акс марде бо даҳон ва чашмони пӯшида дида мешавад ва рӯйи он навишта шуда: "Чун қаблан вазъият ин тавр буд."
Шояд барои ғарбиҳо ин ки шаҳрвандони саъудӣ аз озодии мавҷуд дар шабакаҳои иҷтимоъӣ таъриф мекунанд, қадре аҷиб ва ҷолиб бошад. Чун мавориди зиёде вуҷуд дошта, ки афрод ба хотири твит кардани матолибе, ки куфромез ё номуносиб қаламдод шуда, ба муҷозот маҳкум шудаанд.
Мавзуъоте назири зери савол бурдани хонадони салтанатӣ ё дини ислом хутути қирмиз ҳастанд ва адами риъояти ин хутути қирмиз мумкин аст муҷозотҳои шадидеро дар пай дошта бошад.
Ахиран як фаъоли маданӣ ва блогер ба таҳаммули ҳафт соли зиндон ва 600 зарбаи шаллоқ маҳкум шуд. Ба назар мерасад истифода аз Твиттер барои фаъолиятҳои маданӣ рӯ ба афзоиш аст ва бисёре аз шаҳрвандони Арабистони Саъудӣ барои ҳифзи амнияти худ аз ҳисоби корбарии ношинос истифода мекунанд.
Самия Бахш, корманди бахши мунитуринги Би-би-сӣ мегӯяд: "Озодӣ дар Твиттер мутлақ нест, аммо аз озодиҳое, ки ба таври суннатӣ дар кишвар вуҷуд дорад, бештар аст."
Соли гузашта давлати Арабистон эълом кард, ки қасд дорад ҳамаи корбарони Твиттерро ба сабти ном ва ироаи ҳувияти худ водор кунад. Аммо ин тарҳ то ба ҳол амалӣ нашудааст.
Ба гуфтаи як ширкати мушовира дар заминаи шабакаҳои иҷтимоъӣ ба номи "Сушол клиник", ки дар Арабистони Саъудӣ мустақар аст, истифода аз Твиттер рӯ ба афзоиш аст ва як сеюми шаҳрвандони саъудӣ, ки ба интернет дастрасӣ доранд, мураттабан аз Твиттер истифода мекунанд ва дар ин кишвар моҳона 150 миллиюни твит анҷом мешавад.
