Панҷ нафар дар Арабистони Саъудӣ маҳкум ба эъдом шуданд
Image copyrightbДодгоҳе дар Арабистони Саъудӣ 5 нафарро дар иртибот бо тарҳрезӣ ва даст доштан дар як ришта бумбгузории интиҳорӣ дар 2003 маҳкум ба эъдом кардааст.
Бар асоси гузориши расонаҳои дохилии Арабистони Саъудӣ 37 нафари дигар дар иртибот бо даст доштан дар ин ҳамлаҳо, ки мунҷар ба кушта шудани даҳҳо тан аз шаҳрвандони ин кишвар ва атбоъи хориҷӣ дар Риёз, пойтахт шуда буд, маҳкум ба 3 то 35 соли ҳабс дар зиндон шудаанд.
Дар ноябри 2003 як ришта бумбгузории интиҳорӣ Риёзро ба ларза даровард. Ҳадафи ин бумбгузориҳо асосан маҷмуъаи сохтмонҳое буданд, ки атбоъи хориҷиро искон медод.
Пеш аз он дар майи 2003 низ як ришта ҳамалоти интиҳорӣ маҷмуъаҳои маскунӣ дар Риёзро ҳадаф қарор дод ва 35 кушта бар ҷой гузошт.
Дастикам 9 нафар аз пайкорҷӯёне, ки дар ҳамла ширкат доштанд дар миёни кушташудагон буданд.
Ба дунболи ин бумбгузорӣ амалиёти густарда аз суи нерӯҳои амниятии Арабистони Саъудӣ алайҳи афроди мазнун ба иртибот бо шабакаи Алқоъида оғоз шуд.
Бисёре аз пайкорҷӯён барои пайвастан ба гурӯҳҳои маҳаллӣ ва ташкили гурӯҳи Алқоъида дар Арабистони Саъудӣ аз Яман ба ин шибҳҷазира шитофтанд.
Ҷурҷ Буш, раиси ҷумҳурии вақти Омрико ин бахш аз шабакаро фаъъолтарин ва муҳликтарин шохаи Алқоъида хонд.
