"Ҳамалоти эътилоф ба Доъиш то кунун 533 кушта бар ҷой гузоштааст"
Image copyrightReutersФаъъолони ҳуқуқи башар дар Бритониё мегӯянд ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилофи ба раҳбарии Омрико ба мавозеъи гурӯҳи муҳоҷими Давлати исломӣ мавсум ба Доъиш дар Сурия аз моҳи сентябр то кунун 533 кушта бар ҷой гузоштааст.
Созмони Дидабони ҳуқуқи башари Сурия мустақар дар Ландан мегӯяд кушташудагон шомили 464 нафар аз аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ (Доъиш), 57 нафар аз аъзои сойири гурӯҳҳои пайкорҷӯ ва 32 нафар ғайринизомӣ буданд.
Дар ҳамин ҳол гузоришҳо аз Кубонӣ ҳокӣ аз он аст, ки байни нерӯҳои курд ва пайкорҷӯён муҷаддадан набарде сангин оғоз шудааст.
Ягонҳои мудофеъи халқ (нерӯи низомии курдҳои Сурия) ба бахши арабии Би-би-сӣ гуфтаанд, ки нерӯҳои Давлати исломӣ (Доъиш) теппаи "Тел Ашшаъир" дар 4 килуметрии шаҳр, яке аз нуқоти муҳими истротежикро таҳти кунтрули худ даровардаанд.
Ин дар ҳоле аст ки нерӯҳои курд 9 рӯз пеш хабар дода буданд, ки монеъ аз пешравии пайкорҷӯёни Доъиш ба Тел Ашшаъир шуда буданд.
Гузоришҳо ҳамчунини ҳокӣ аз ҳамлаи тӯпхонаии нерӯҳои Доъиш ба бахшҳои муҳими курднишин ва маркази шаҳри Кубонӣ аст.
Манобеъи нерӯи низомии курдҳои Сурия ба Би-би-сӣ гуфтаанд, ки пайкорҷӯёни Доъиш бо ҳамлаҳои сангин ва пай дар пай дар тӯли чаҳоршанбешаб аз ҷануб ва шарқи Кубонӣ талош карданд ба самти маркази шаҳр пешравӣ кунанд.
Ба гуфтаи ин манобеъ пас аз муддати кӯтоҳе таваққуф субҳи имрӯз (панҷшанбе, 23 октябр) набард муҷаддадан аз сар гирифта шуд.
Таҳлилгарон мегӯянд ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилоф то ҳадде монеъ аз пешравии нерӯҳои Доъиш дар Кубонӣ шуда, аммо гуфта мешавад, ки эҳтимолан саранҷоми монеъ аз ишғоли шаҳр нахоҳад шуд.
Ба гуфтаи онҳо ҳар гурӯҳе, ки кунтрули теппаи Тел Ашшаъирро дар даст дошта бошад, шонси беҳтаре барои тасарруфи Кубонӣ хоҳад дошт.
Кубонӣ дар канори марзи Сурия воқеъ шуда ва як шаҳри умдатан курднишин аст, ки тайи ду моҳи ахир ҳадафи ҳамалоти пайвастаи гурӯҳи ифротии Доъиш будааст.
"Ягонҳои мудофеъи халқ", шохаи низомии ҳизби иттиҳоди демукротик дар ҳоли дифоъ аз ин шаҳр буда ва мавриди ҳимояти нерӯҳои эътилофи ба раҳбарии Омрико ҳастанд.
Ишғоли шаҳри Кубонӣ боъис хоҳад шуд, ки шибҳинизомиёни Доъиш ба як навори тӯлонии марзии миёни Туркия ва Сурия тасаллут пайдо кунанд.
Ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои эътилофӣ бидуни таъйиди Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, ки ғарб хоҳони барканории ӯст, анҷом мешавад.
