Туркия "иҷоза намедиҳад" аз хокаш Омрико ба Доъиш ҳамла кунад

  • 13 Октябр, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Иҷозаи истифода аз пойгоҳи низомии Инҷирлик яке аз муҳимтарин муфоди ин тавофуқнома аст

Манобеъи наздик ба Аҳмад Довудуғлу, нахуствазири Туркия мегӯянд, ки тавофуқи ҷадиде миёни Туркия ва Омрико бар сари истифода аз пойгоҳҳои низомии ин кишвар тавассути нерӯҳои омрикоӣ сурат нагирифтааст.

Морк Луен, хабарнигори Би-би-сӣ дар Онкоро ба нақл аз манобеъе дар дафтари нахуствазирии Туркия мегӯяд, ки ин кишвар иҷоза нахоҳад дод, ки Омрико аз пойгоҳи ҳавоии Инҷирлик ва ҳеҷ пойгоҳи низомии дигаре дар Туркия барои ҳамла ба мавозеъи гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиш) истифода кунад.

Ин дар ҳоле аст ки шаби гузашта Сузон Ройс, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии Омрико дар гуфтугӯе бо шабакаи телевизиюнии Энбиси (NBC) гуфта буд, ки Туркия мувофиқат кардааст, ки нерӯҳои омрикоӣ ба манзури фаъъолияти низомӣ дар Сурия ва Ироқ аз пойгоҳҳои низомӣ дар ҷануби Туркия, аз ҷумла пойгоҳи ҳавоии Инҷирлик дар наздикии шаҳри Одоно истифода кунад.

Ӯ гуфт тибқи тавофуқи ҷадиде бо тавофуқи Туркия Омрико аз ин пас метавонад аз пойгоҳҳо ва хоки ин кишвар ба манзури "омӯзиши нерӯҳои муътадили мухолифи давлати Сурия" истифода кунад.

Ба гуфтаи хонуми Ройс, Туркия ва Омрико аз ин тавофуқнома истиқбол кардаанд.

Музокирот миёни мақомҳои Туркия ва омрикоӣ бар сари нақши Туркия дар эътилофи алайҳи Доъиш ҳамчунон идома дорад.

Ҳамалоти ҳавоии Омрико ба мавозеъи Доъиш дар Сурия аз ҳафтаи пеш оғоз шуда, ки гузориш шуда ин ҳамалот аз пешравии шибҳнизомиёни Доъиш ба шаҳрҳои Сурия костааст.

Туркия марзе тӯлонӣ бо Ироқ ва Сурия дорад, ки маҳалли ҳузури низомии Доъиш аст, аммо то кунун бо ҳар гуна ҳамлаи заминӣ ба мавозеъи Доъиш дар ин ду кишвар мухолифат кардааст.

Туркия бо он ки нерӯҳои худро дар марз бо Сурия мустақар кардааст, аммо ҳанӯз мухолифи ҳузури низомии нерӯҳояш дар Сурия барои муқобила бо гурӯҳи Давлати Исломӣ аст.

Туркия ҳамчунон бо пайвастани шаҳрвандони курди ин кишвар ба курдҳои шимоли Сурия барои мубориза бо пайкорҷӯёни Доъиш мухолифат мекунад.

Ихтилофоти Туркия бо ақаллияти курди ин кишвар ва собиқаи даргирии низомии тӯлонӣ бо ҳизби коргарони Курдистон яке аз далоили ин мавзеъи Туркия дониста мешавад ва гуфта мешавад ба ҳамин далел Туркия намехоҳад курдҳои ин кишвар мусаллаҳ шаванд.

Дар чанд ҳафтаи гузашта ҳамлаи нерӯҳои Давлати Исломӣ ба шаҳри умдатан курднишини Кубонӣ дар шимоли Сурия ва дар наздикии марз бо Туркия, бо муқовимати муборизони курд рӯбарӯ шудааст. Бахшҳое аз ин шаҳр ба тасарруфи гурӯҳи Давлати Исломӣ даромад.

Даргирии хунин мёни ду тараф то кунун беш аз 500 кушта барҷой гузоштааст. Аз оғози набарди Кубонӣ беш аз 200 ҳазор нафар аз марз гузашта ва дар Туркия паноҳ гирифтаанд.

Эътироз ба сиёсати давлати Туркия дар қиболи Кубонӣ, ки ба бархӯрди муътаризони пулис ва гурӯҳҳои исломгаро ва миллигаро анҷомида, чандин кушта бар ҷой гузоштааст.

Матолиби муртабит