Ҳамалоти ҳавоӣ пешравии Доъишро дар Кубанӣ кунд кард
Image copyrightAFPЭътилофи таҳти роҳбарии Омрико рӯзи сешанбе пайвастатарин ҳамалоти ҳавоӣ то ба имрӯз алайҳи мавозеъи пайкорҷӯёни гурӯҳи Давлати Исломӣ (Доъиш) дар атрофи шаҳри Кубонии Сурия дар канори марзи Туркияро анҷом додааст.
Ҷангҷӯёни курди Сурия, ки бо Доъиш меҷанганд, мегӯяд, ки инҳо муассиртарин ҳамалоти то кунун аст, аммо бояд хеле зудтар анҷом мешуд.
Хабарнигорон мегӯянд, ки ба назар мерасад раванди пеширӯи Доъиш мутаваққиф шуда бошад.
Пештар дар ин рӯз Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия, гуфт, ки Кубонӣ дар ҳоли суқут аст. Давлати ӯ ба хотири худдорӣ аз ҳимояти низомӣ аз курдҳои Кубонӣ дар муқобили Доъиш бо эътирозоти густардаи курдҳо рӯбарӯ шудааст.
Дастикам 9 тазоҳуркунанда дар Туркия кушта шудаанд.
Ба гуфтаи нозирон то кунун ҳадди ақал 400 нафар дар се ҳафтаи набард бар сари Кубонӣ кушта шудаанд ва 160 ҳазор сурӣ ҳам ба Туркия гурехтаанд.
Тозатарин баёнияи артиши Омрико таъйид кард, ки панҷ ҳамлаи ҳавоии рӯзҳои душанбе ва сешанбе дар атрофи Кубонӣ анҷом шуда, аммо замони дақиқи онҳо мушаххас нашуд.
Пентогун гуфт, ки ин ҳамалот боъиси нобудии чаҳор василаи нақлияи Доъиш ва як ягони ин гурӯҳ шуда ва ба як тонку як нафарбари ин гурӯҳ осеб задааст.
Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ дар он сӯйи марз дар Туркия ба назар мерасад, ки ҷангҷӯёни курди мудофеъи шаҳр ҳамакнун дар ҳоли ҳамоҳангсозии мустақими ҳамалот бо эътилофи таҳти фармондеҳии Омрико бошанд. Аммо ҳамалоти ҳавоӣ мумкин аст батанҳоӣ барои ҷилавгирӣ аз афтодани Кубонӣ ба дасти Доъиш дар дарозмуддат кофӣ набошад.
Шибҳнизомиёни курд мегӯянд, ки дар набарди хиёбонӣ дасти болоро доранд, аммо шумори онҳо ва таслиҳоти онҳо дар муқобили Доъиш камтар аст.
Ба гуфтаи хабарнигори мо фақат амалиёти заминӣ ё кумаки низомии қобили таваҷҷуҳи Туркия метавонад муваффақияти курдҳоро тазмин кунад, вале дахолати Туркия баъид аст.
Оқои Эрдуғон гуфтааст, ки агар Омрико ҳимояти бештаре аз мухолифоне, ки қасди соқит кардани Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурияро доранд, ба амал наёвард, Туркия беш аз ин дар муноқиша бо Доъиш ширкат нахоҳад кард.
Ню-Йурк Тоймз гузориш медиҳад, ки ин мавзеъгирии Туркия Омрикоро сархӯрда кардааст.
Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, ки сешанбеи баъд аз зуҳр ҳамалоти ҳавоии бештаре шунида шуд, ки шумори онҳоро аз чаҳори субҳ ба вақти маҳаллӣ ба ҳашт адад мерасонад.
Дар натиҷаи ин ҳамалот набардҳо дар шаҳр ба таври қобили таваҷҷуҳе коҳиш ёфта ва садои тирандозӣ каму беш хомӯш шудааст.
Мисо Абд, фармондеҳи аршади зани курд дар Кубонӣ, ба барномаи Нюз Овери Би-би-сӣ гуфт: "Аз дишаб то ҳоло шоҳиди муассиртарин ҳамалоти ҳавоӣ дар атрофи Кубонӣ будаем, ҳарчанд каме дер аст. Агар эътилоф бо ин қудрату шиддат зудтар ҳамла мекард, шоҳиди расидани Доъиш ба шаҳр ва марги ин ҳама одам намебудем."
Ӯ гуфт, ки ҳамоҳангиҳое бо эътилоф барои задани аҳдоф сурат гирифта, аммо ҳамалот бояд шадидтар бошад: "Бо кумаки ҳамалоти ҳавоии эътилоф метавонем Доъишро шикаст диҳем."
Ӯ дар мавриди суханони оқои Эрдуғон дар мавриди суқути Кубонӣ гуфт: "Ӯ хоб мебинад ва Кубонӣ ҳаргиз суқут нахоҳад кард."
Ӯ аз набардҳои шадид сухан гуфт: "Доъиш дар талош аст вориди шаҳр шавад, аммо ҷангҷӯёни мо шаҳомати фавқулодае нишон додаанд ва дар баробари ҳамалоти онҳо ба силоҳи сангин муқовимат кардаанд."
Эътирози курдҳо
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия, сешанбе гуфт, ки Кубонӣ дар остонаи суқут аст ва ҳамлаи ҳавоии Омрико ва муттаҳидонаш наметавонад батанҳоӣ монеъ аз пешравии Доъиш шавад.
Доманаи эътирози курдҳо ба амалкарди Туркия дар қиболи Кубонӣ рӯзи сешанбе ба шаҳрҳои мухталифи ин кишвар кашид.
Пулиси Туркия барои пароканда кардани муътаризон ба истифода аз гози ашковар ва мошинҳои обпош мутавассил шудааст.
Муътаризони курд дар Онкоро ва Истонбул бо пулис даргир шудаанд ва масъулони устони ҷанубии Мордини Туркия дар шаш маҳаллаи он муқаррароти манъи рафту омад вазъ кардаанд.
Эътирози курдҳо ба Туркия маҳдуд нашуда ва дар шаҳрҳои мухталифи Урупо ҳам эътирозҳое ба ҳимоят накардан аз нерӯҳои курд дар Кубонӣ, бавижа аз ҷониби Туркия, сурат гирифтааст.
Дар Бруксел курдҳо бо вуруд ба сохтмони порлумони Урупо эътирози худро нишон додаанд ва дар Порис ҳам муътаризон бо пулис даргир шудаанд.
Дар Теҳрон таҷаммуъе дар муқобили сафорати Туркия сурат гирифта ва гурӯҳе аз сокинони шаҳрҳои курднишини Эрон монанди Санандаҷ ва Маҳобод ҳам ба адами ҳимояти Туркия аз курдҳои Кубонӣ дар баробари Доъиш эътироз кардаанд.
Тонкҳо ва нерӯҳои артиши Туркия дар марзи Сурия сафороӣ кардаанд, аммо вориди хоки ин кишвар нашудаанд.
