Дархости кумаки мақомоти устони Анбори Ироқ барои муқобала бо Доъиш
Image copyrightbМақомоти устони Анбор дар ғарби Ироқ хоҳони кумаки фаврӣ барои муқобала бо нерӯҳои гурӯҳи мавсум ба "Давлати Исломӣ", Доъиш, шудаанд.
Нерӯҳои давлатӣ дар ин устон дар маърази таҳоҷуми нерӯҳои Доъиш қарор доранд.
Тайи се ҳафтаи ахир ҷангҷӯёни Доъиш ду пойгоҳи низомӣ дар устони Анборро ишғол кардаанд ва дар ҳоли ҳозир дар ҳумаи Рамодӣ, маркази ин устон, ҳар рӯз даргириҳое дар ҷараён аст.
Ҳамалоти ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Омрико монеъ аз пешравии Доъиш ба самти садди истротежики Ҳадиса буда, аммо натавониста авзоъро тағйир диҳад.
Мақомҳои низомии Омрико вазъияти устони Анборро "шикананда" тавсиф кардаанд.
Агар устони Анбор суқут кунад, Доъиш паҳнае аз марзи Туркия то манотиқи атрофи Бағдодро дар ихтиёр хоҳад дошт ва Бағдод дар тирраси тӯпхонаи ин гурӯҳ қарор хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои Доъиш манотиқи бештаре аз шаҳри Кӯбониро тасарруф кардаанд.
Ин нерӯҳо рӯзи гузашта мақаррҳои шибҳинизомиёни курдро гирифтанд ва бо вуҷуди ҳамалоти мудовими ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Омрико тамомии бахшҳои шаҳр ба ҷуз як қисмати онро муҳосира карданд.
Як мақоми омрикоӣ гуфтааст шояд ҷилавгирӣ аз суқути Кӯбонӣ имконпазир набошад.
Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, хоҳони ҳамкории бештари ин иттиҳодия, Туркия ва дигар кишварҳо барои муқобала бо Доъиш шудааст.
