Нахуствазири Ироқ: Бо ҳамлаҳои ҳавоии кишварҳои араб дар Ироқ комилан мухолифем

  • 1 Октябр, 2014
Image copyrightBBC World Service
Image caption Ҳавопаймоҳо аз чаҳор кишвари араб ба аҳдофе дар Сурия ҳамла кардаанд, вале вориди маҳдудаи Ироқ нашудаанд

Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки "комилан" мухолифи пайвастани кишварҳои араб ба ҳамлаҳои ҳавоӣ дар Ироқ алайҳи гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиши собиқ) аст.

Ӯ гуфт ки нерӯи ҳавоии кишварҳои ғарбӣ бахши қобили таваҷҷуҳе аз костиҳои Ироқ дар ҷанг бо гурӯҳи Давлати исломиро ҷуброн кардааст.

Арабистони Саъудӣ, Урдун, Баҳрайн, Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Омрико барои муқобала бо гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастаанд.

Нерӯи ҳавоии ин кишварҳо ба ҳамлаҳо дар Сурия даст задаанд, вале танҳо ҳавопаймоҳои бритониёӣ, омрикоӣ ва фаронсавӣ дар ҳамлаҳо ба аҳдофе дар Ироқ мушорикат доштаанд.

Оқои Ибодӣ дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Би-би-сӣ дар Бағдод гуфт, ки артиши Ироқ "дар сурати доштани пӯшиши ҳавоии муносиб" метавонад бо гурӯҳи Давлати исломӣ муқобала кунад.

Бо ин ҳол ӯ гуфт, ки давлаташ ба ҳеҷ унвон ҳузури нерӯҳои хориҷӣ дар хоки Ироқро намепазирад: "Хеле сареҳ ҳастем, ҳеҷ нерӯеро ба ҷуз нерӯи Ироқ (дар хоки Ироқ) намепазирем."

Нахуствазири Ироқ ҳушдор дод, ки "дугонагии мазҳабӣ ва байналмилалӣ" дар падид омадани гурӯҳи Давлати исломӣ нақш доштааст.

Оқои Ибодӣ гуфт, ки дар пайи беҳбудии равобит бо кишварҳои ҳамсоя низ ҳаст.

Матолиби муртабит