Давлати тозаи Ироқ раъйи эътимод гирифт, Омрико истиқбол кард

  • 9 Сентябр, 2014
Image copyrightAP
Image caption Порлумони Ироқ пас аз ҷанҷоли зиёд давлати тозаро таъйид кард

Порлумони Ироқ ба давлати тозаи ин кишвар, аз ҷумла ду муъовини суннӣ ва курд барои мақоми нахуствазирӣ раъйи эътимод дода ва Омрико аз ташкили давлати ҷадиди Ироқ истиқбол кардааст.

Бар асоси тавофуқи тоза барои тақсими қудрат, ки пас аз чандин ҳафта бунбасти сиёсӣ ба даст меояд, Солеҳ Мутлақ ва Ҳушёр Зиборӣ ба унвони муъовинони суннӣ ва курди мақоми нахуствазирӣ раъйи эътимод гирифтаанд.

Иброҳим Ҷаъфарӣ ҳам ба унвони вазири хориҷа раъйи эътимод гирифт. Одил Абдулмаҳдӣ аз Шӯрои олиии исломии Ироқ ҳам ба унвони вазири нафт мансуб шуд.

Бо истеъфои Нури Моликӣ аз мақоми нахуствазир, Ҳайдар Ибодӣ, ки як чеҳраи миёнарави шиъа аст, масъули тавкили давлати тоза шуда буд.

Бо ин ҳол, вузарои кишвар ва дифоъ ҳанӯз мавриди тавофуқ қарор нагирифтаанд. Оқои Ибодӣ қавл додааст зарфи як ҳафта ин пустҳоро пур кунад.

Нурӣ Моликӣ моҳи гузашта маҷбур ба истеъфо шуд, ки дар хилоли иттиҳомоти аъроби суннӣ ва курдҳои Ироқ доир бар фирқагароӣ буд.

Омрико эъломи ташкили давлати тозаи Ироқ пеш аз созмондиҳии як эътилофи байналмилалӣ барои муқобила бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" (Доъиш)-ро сутудааст.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, гуфт, ки Омрико дар набард бо ин гурӯҳ канори ироқиҳо меистад.

Омрико қаблан дар мавориди мутаъаддид ироқиҳоро ба ташкили як давлати фарогир бо ҳузури сунниҳо тарғиб карда ва онро шарти ҳимояти низомии бештар барои муқобила бо шибҳнизомиёни гурӯҳи Давлати Исломӣ эълом карда буд.

Гурӯҳи Доъиш таҳти ҳидояти шӯришиёни ифротгарои суннӣ бахшҳои васеъе аз хоки Ироқро ишғол карда.

Ин гурӯҳ аз таниши миёни ақаллияти суннӣ ва давлати таҳти ҳидояти шиъиён дар Бағдод баҳрабардорӣ кардааст.

Image copyrightReuters
Image caption Оқои Ибодӣ масъули ташкили давлати тоза аст

Бо ин ҳол, бисёре аз шӯришиён аз он замон ишора кардаанд, ки дар сурати ниҳодина шудани ҳуқуқи сунниҳо дар як низоми ислоҳшудаи сиёсӣ дар Бағдод омодаанд алайҳи Доъиш вориди амал шаванд.

Оқои Моликӣ ва ҳамчунин Аёд Аловӣ, дигар нахуствазири собиқ ва Усома Наҷифӣ, раиси собиқи маҷлис, ҳам дар мақоме ташрифотӣ ба унвони муъовинони раиси ҷумҳур мансуб шуданд.

Нерӯҳои ироқӣ рӯзи душанбе гуфтанд, ки пайкорҷӯёни Доъишро бо пуштибонии ҳавоии Омрико аз ноҳияи васеъе перомуни садди истротежики Ҳадиса ақиб рондаанд.

Нерӯҳои давлатӣ ва шибҳнизомиён ҳамчунин Бервоно дар шарқи Ҳадисаро аз нерӯҳои Доъиш пас гирифтанд. Гузоришҳо ҳокист, ки нерӯҳои Доъиш ҳангоми ақибнишинӣ силоҳҳо ва васоили нақлияи худро раҳо карданд.

Дар таҳаввуле дигар дар рӯзи душанбе нерӯҳои Доъиш ба як шаҳри соҳилии рӯди Фурот дар шимоли Бағдод ҳамла карданд ва ҳадди ақал 16 нафарро кушта ва 30 нафари дигарро захмӣ карданд.

Аз сӯйи дигар, дабири кулли Иттиҳодияи Араб аъзои ин созмонро тарғиб кардааст дар ҳама сутӯҳи мумкин бо Доъиш бархӯрд кунанд.

Набил Арабӣ дар нишасти вузарои хориҷа дар Қоҳира гуфт кишварҳои узв бояд "тасмиме рӯшан ва қотеъ барои рӯёрӯии ҷомеъ" бо ин гурӯҳ, ки онро "саратонӣ ва терурист" хонд, бигиранд.

Матолиби муртабит