Ҳамалоти интиҳорӣ дар маҳаллаҳои шиъанишини Бағдод чандин кушта барҷой гузошт
Image copyrightAPДар ҳоле, ки раҳбарони кишварҳои узви Ноту наҳваи муқобила бо исломгароёни тундрав дар Ироқро дар дасти баррасӣ доранд, инфиҷор дар Бағдод даҳҳо кушта ва захмӣ барҷой гузоштааст.
Рӯзи ҷумъаи 5 сентябр пулиси Ироқ гузориш кард, ки шомгоҳи гузашта, инфиҷори ду худрави бумбгузоришуда дар Бағдод дастикам ҳафтаҳ нафарро кушта ва беш аз чиҳил тани дигарро захмӣ кардааст.
Нахустин инфиҷор дар минтақаи умдатан шиъанишини Козимин рӯй дод, ки бисёре аз фурӯшгоҳҳо ва рестуронҳои Козимин дар он воқеъ шудаанд. Дар ин инфиҷор ёздаҳ нафар ҷони худро аз даст доданд ва сиву ду тани дигар захмӣ шуданд. Кӯтоҳмуддате пас аз он як машрубфурӯшӣ дар маҳаллаи мураффаҳи Кародаи Бағдод ҳадафи ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷаи он дастикам шаш нафар кушта ва ҳафтдаҳ тани дигар захмӣ шуданд.
Аксари сокинони ин маҳалла шиъа ҳастанд ҳарчанд пайравони соири адён ва мазоҳиб, аз ҷумла масеҳиён низ дар ин маҳалла сукунат доранд. Агарчи касе масъулияти ин ҳамалотро бар уҳда нагирифта, вале маъмулан гурӯҳҳои тундрави суннӣ масъул ин гуна иқдомот дониста мешаванд.
Ҳамзамон, хабаргузории Оссушиэйтед Пресс ба нақл аз аҳолии як рустои суннинишин дар шимоли Ироқ гузориш кардааст, ки шибҳнизомиёни Давлати Исломӣ (Доъиши собиқ) гурӯҳе аз мардони русторо гаравгон гирифтаанд. Бар асоси ин гузориш, ин русто дар ишғоли нафароти Давлати Исломӣ буд, аммо бо наздик шудани нерӯҳои давлати марказии Ироқ, онон аз ин русто ақибнишинӣ карданд ва ин гурӯҳ аз мардони русторо савори "Вонет" карданд ва бо худ бурданд.
Гурӯҳҳои мавсум ба Давлати Исломии Ироқ ва Шом дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия қудрат гирифт ва пас аз тасаллут бар манотиқе аз он кишвар, аз марз убур кард ва бахшҳое аз хоки Ироқро ҳам ба тасарруфи худ даровард. Дар моҳи июни соли ҷорӣ ин гурӯҳ шаҳрҳои Мавсил ва Тикритро тасарруф кард ва тавонист басуръат дар бахшҳое аз хоки Ироқ пешравӣ кунад.
Ин гурӯҳ баъдан эълом кард, ки дар манотиқи ишғолии худ дар Ироқ ва Сурия хилофати исломӣ ташкил дода ва номи Давлати Исломиро бар худ гузоштааст.Ҳамчунин Абӯбакр Албағдодӣ ба унвони халифа ва раҳбари Давлати Исломӣ ва мусалмонони ҷаҳон муъаррифӣ шуд.
Пешравии шибҳнизомиёни Давлати Исломӣ дар Ироқ ва хатаре, ки тамомияти арзии ин кишвар ва амнияти кишварҳои минтақаро таҳдид мекард, боъиси мудохилаи низомии Иёлоти Муттаҳида ба шакли ҳамлаи ҳавоӣ ба мавозеъи нафароти ин гурӯҳ ва кукмакҳои башардӯстона аз оворагони ҷанг шудааст. Муқобила бо Давлати Исломӣ аз меҳварҳои муҳиммии музокира дар иҷлоси раҳбарони кишварҳои узви Ноту аст, ки аз рӯзи гузашта дар Велз, Бритониё, кори худро оғоз кардааст.
Ба назар мерасад, ки бидуни ҳимояти Ғарб давлати марказии Ироқ қодир ба муқобила дар баробари Давлати Исломӣ набошад, аммо кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла Омрико, талвеҳан чунин ҳимоятеро ба ташкили давлати фарогири миллӣ дар Ироқ машрут кардаанд, ки бояд дар он тамомии ақвом ва мазоҳиби ин кишвар мушорикати воқеъӣ ва муассир дошта бошанд.
