Доъиш дубора Кубониро зери оташ гирифт

  • 19 Октябр, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Шаҳри Кубонӣ як ҳафта пеш дар остонаи суқут қарор дошт, аммо муқовимати нерӯҳои курд шибҳинизомиёни Доъишро маҷбур ба ақибнишинӣ кард

Гузоришҳо аз шимоли Сурия ҳокӣ аст, ки шанбешаб ва субҳи якшанбе шаҳри Кубонӣ дар марзи Туркия саҳнаи шадидтарин даргириҳо миёни шибҳинизомиёни гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиш) ва нерӯҳои курд дар чанд рӯзи ахир будааст.

Хабаргузории Руйтерз гузориш додааст, ки Доъиш даҳҳо хумпора ба суи бахше аз шаҳр, ки дар ихтиёри курдҳост, партоб карда, ки баъзе аз онҳо ба дохили хоки Туркия исобат кардааст.

Набард бар сари Кубонӣ аз ду моҳ пеш шиддат гирифта ва фарозу нишебҳои зиёдеро тай кардааст.

Ҳудуди як ҳафта пеш ва ҳамзамон бо ташдиди ҳамалоти Доъиш шаҳр дар остонаи суқут қарор гирифт, аммо баъд аз чанд рӯзи муқовимати нерӯҳои курд бо пуштибонии ҳамалоти ҳавоии Омрико шибҳинизомиёни Давлати исломӣ маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.

Як рӯзноманигор аз дохили шаҳри Кубонӣ ба Руйтерз гуфт, ки шанбешаб шадидтарин даргириҳо дар тӯли як ҳафтаи гузашта рух дода ва нерӯҳои Доъиш аз се ҷиҳати мухталиф шаҳрро гулӯлаборон кардаанд.

Созмони дидабони ҳуқуқи башари Сурия мустақар дар Ландан, ки як гурӯҳи мухолифи ҳукумати Башор Асад аст, гузориш дода, ки шибҳинизомиёни Давлати исломӣ бо худравҳои бумбгузоришуда ба мавозеъи нерӯҳои курд ҳамла карда ва талафотеро ба ҷой гузоштаанд.

Дидабони ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд, ки бано бар иттилоъоте, ки аз манобеъи бемористонии минтақа дарёфт карда, дар тайи ду рӯзи гузашта 80 пайкорҷӯи Доъиш кушта шудаанд.

Матолиби муртабит