Даргирии сангин дар Кубонӣ ҳамзамон бо ҳушдори Омрико
Пайкорҷӯёни гурӯҳи Давлати Исломӣ бори дигар барои пешравӣ ба сӯйи маркази шаҳри Кубонӣ дар Сурия набардҳоро шиддат додаанд ва ҳамзамон Омрико ҳушдор дода, ки ҳамалоти ҳавоӣ батанҳоӣ мумкин аст барои наҷоти шаҳр кофӣ набошад.
Як раҳбари курдҳо дар Кубонӣ ба хабаргузории Руйтерз гуфт, ки пайкорҷӯёни Доъиш дар миёни набардҳои сангин вориди бахшҳое аз шаҳр шудаанд.
Як сухангӯйи Пентогун ҳам гуфт, ки воқеъият ин аст, ки "шаҳрҳо ва рустоҳо,- шояд ҳам Кубонӣ, тавассути Доъиш ишғол шавад."
Ҳамзамон ба назар мерасад, ки Омрико дар мавриди тарҳи пешниҳодии Туркия барои эҷоди як ноҳияи ҳифозат (зарбагир) ё ноҳияе амн дар тӯли марз бо муттаҳидонаш ихтилоф дошта бошад.
Се ҳафта набард бар сари Кубонӣ боъиси марги ҳудуди 400 нафар ва беҷо шудани 160 ҳазор нафар сурӣ шуда, ки аз марз ба Туркия гурехтаанд.
Осия Абдуллоҳ, аз раҳбарони ҳизби демукротики Курдистон дар Кубонӣ, ки намояндаи курдҳои Сурия аст, гуфт: "Имшаб Доъиш бо силоҳҳои сангин, аз ҷумла тонк вориди ду маҳалла шуда. Эҳтимоли марги ғайринизомиён ба хотири набардҳои шадид вуҷуд дорад.."
Як мақоми дигар дар ин шаҳр гуфт, ки Доъиш баъзе сохтмонҳоро дар шарқи шаҳр ишғол карда ва задухурдҳои шадиде бо нерӯҳои муқовимати курд ҷараён дорад.
Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, ки дар Бритониё мустақар аст, гуфт, ки нерӯҳои Доъиш чаҳоршанбе аср ҳудуди 100 метр б сӯйи маркази шаҳр пешравӣ кардаанд.
Ин гурӯҳ афзуд, ки Доъиш дар ҳоли овардани нерӯи тақвиятӣ аз пойгоҳаш дар устони Раққа аст.
Дарёсолор Ҷон Керӣ, сухангӯйи Пентогун, вазорати дифоъи Омрико, дар як кунфронси хабарӣ гуфт: "Ҳамалоти ҳавоӣ батанҳоӣ барои ин кофӣ нест. Ин ҳамалоти Кубониро наҷот нахоҳад дод. Мо инро медонем."
Омрико дар ҳоли омӯзиши шӯришиёни миёнарави Сурия дар пойгоҳе дар Арабистони Саъудӣ аст, аммо омода шудани ин нерӯҳо барои набард моҳҳо тӯл мекашад.
Ӯ дар посух ба ин суол, ки оё шаҳрҳои Сурия ба дасти Доъиш суқут хоҳанд кард, гуфт: "Бояд худамонро барои ин воқеъият, ки соири шаҳрҳо ва рустоҳо, шояд ҳам Кубонӣ,тавассути Доъиш ишғол мешавад, омода кунем."
Пештар Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, гуфт, ки Омрико амиқан нигарони мардуми Кубонӣ аст.
Аммо ӯ афзуд: "Тамошои ин хушунатҳо ҳавлнок аст, аммо муҳим аст аҳдофи истротежики Омрикоро ба ёд дошта бошем" ва афзуд, ки ин ҳадаф шомили маҳрум кардани марокизи фармондеҳии Доъиш ва зерсохтҳои лозим барои анҷоми ҳамалот аст.
Женерол Мортин Дампсӣ, раиси ситоди муштараки артиши Омрико ,ба шабакаи Эй-би-сӣ гуфт, ки Доъиш "зарангтар шудааст."
Ӯ гуфт: "Мо ҳар вақт тавонистаем онҳоро задаем. Онҳо парчам боло намегиранд ва мисли қабл бо корвонҳои бузург ҷобаҷо намешавад. Ситодҳое эҷод намекунанд, ки қобили рӯият ва шиносоӣ бошад."
Фармондеҳии Марказии Омрико гуфт, ки шаш ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи аҳдофе дар ҷануб ва ҷануби ғарбии Кубонӣ дар рӯзҳои сешанбе ва чаҳоршанбе анҷом шудааст. Ин марказ гуфт, ки як нафарбари зиреҳӣ, чаҳор василаи нақлияи мусаллаҳ ва ду тӯпхонаи Доъиш мунҳадим шудааст.
