Дастикам 12 нафар дар эътирозоти курдҳо дар Туркия кушта шуданд

  • 8 Октябр, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Курдҳои муътариз мегӯянд, ки давлати Туркия аз Доъиш ҳимоят карда ва монеъ аз пайвастани довталабони курд ба мудофеъони Кубонӣ шудааст

Гузоришҳо ҳокист, ки дастикам 12 нафар дар ҷараёни даргирии пулиси Туркия бо курдҳои муътариз ба сиёсати давлати ин кишвар дар қиболи Кубонӣ кушта шудаанд. Дар чандин шаҳри Туркия муқаррароти манъи рафту омад барқарор шудааст.

Муқаррароти манъи рафту омад дар чандин шаҳри курднишин, умуман дар ҷануби шарқи Туркия эъмол шуда, ҳарчанд нооромиҳо ба шаҳрҳои бузург, аз ҷумла Онкоро ва Истонбул ҳам кашида шудааст.

Пулис барои бархӯрд бо муътаризон умдатан аз гози ашковар ва мошинҳои обпош истифода мекунад.

Бисёре аз курдҳои Туркия аз мавзеъи давлати ин кишвар дар қиболи даргирӣ миёни гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ бо курдҳо дар Сурия бавижа дар набарди Кубонӣ башиддат норозӣ ҳастанд.

Шаҳри курднишини Кубонӣ дар шимоли Сурия ва дар канори марзи Туркия аз муддатҳо пеш дар муҳосираи пайкорҷӯён аз рӯзи душанбе вориди бахшҳое аз ин шаҳр шудаанд ва ҷанги хиёбонӣ идома дорад.

Бахши умдаи ғайринизомиён аз Кубонӣ хориҷ шудаанд, ҳарчанд гуфта мешавад, ки ҳанӯз теъдоде ғайринизомӣ дар шаҳр ҳузур доранд.

Воҳидҳои Ҳифозати Халқ (нерӯҳои мусаллаҳи курдҳои Туркия), ки аз Кубонӣ дифоъ мекунанд, ба Ҳизби Коргарони Курдистон (ПКК) наздиканд, ки солҳо бо артиши Туркия дар ҳоли набарди мусаллаҳона будааст.

Тонкҳо ва сарбозони артиши Туркия дар марзи Кубонӣ мустақар ҳастанд. Гузориш шуда, ки онҳо монеъ аз убури курдҳои довталабе мешаванд, ки мехоҳанд ба мудофеъони Кубонӣ бипайванданд.

Давлати Туркия муттаҳам аст, ки иҷозаи вуруди пайкорҷӯёни исломгарои хориҷӣ аз хоки худ ба Сурияро додааст, ки бисёре аз онҳо ба гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ пайвастаанд.

Ҳамчунин бахши қобили таваҷҷуҳе аз кумакҳои молӣ ва таслиҳотӣ, ки гуфта мешавад Туркия ва баъзе дигар аз кишварҳои минтақа ба мухолифони Башор Асад дода буданд, дар ихтиёри Доъиш қарор гирифтааст.

Курдҳои муътариз ҳамчунин аз эътилоф ба раҳбарии Омрико интиқод мекунанд, ки дар ҳамалоти ҳавоӣ ба мавозеъи пайкорҷӯёни исломгаро дар атрофи Кубонӣ бо таъхир ва заъиф амал кардааст.

Гурӯҳҳои муътаризи курд ва ҳомиёни онҳо бо таҷаммуъ дар шаҳрҳои мухталиф дар саросари ҷаҳон эътирози худро ба ин мавзӯъ нишон додаанд.

Дар баъзе аз ин таҷаммуъҳо, аз ҷумла дар шаҳри Ҳомбург дар шимоли Олмон, курдҳо бо исломгароёни салафӣ даргир шудаанд.

Гузоришҳо ҳокист, ки дар ҷараёни даргирӣ миёни ду гурӯҳ дар Ҳомбург 14 нафар захмӣ шудаанд.

Ҳамзамон 160 устод ва пажӯҳишгари мутолиъоти курдӣ дар донишгоҳҳои мухталифи ҷаҳон бо интишори номае саргушода бо мардуми Кубонӣ эъломи ҳамбастагӣ карда ва хоҳони ҳимояти байналмилалӣ аз Кубонӣ шудаанд.

Image copyrightBBC World Service

Матолиби муртабит