Нерӯҳои курд як "таппаи мушриф ба Кубониро пас гирифтанд"
Image copyrightAFPНерӯҳои курд, ки дар шаҳри Кубонии Сурия, канори марзи Туркия дар ҳоли набард бо шибҳинизомиёни Давлати исломӣ (Доъиш) ҳастанд, мегӯянд, ки кунтрули як таппаи муҳими мушриф ба шаҳрро пас гирифтаанд.
Пешравии курдҳо баъд аз як ришта ҳамалоти ҳавоии эътилофи ба раҳбарии Омрико алайҳи мавозеъи Доъиш сурат гирифт.
Таппаи Телшаъир ҳудуди 10 рӯз пеш ба ишғоли нерӯҳои Доъиш даромада буд.
Ин шибҳинизомиён ҳудуди як моҳ аст, ки шаҳри Кубониро муҳосира карда ва бо ҳамалоти сангини худ қасди тасхири онро доранд.
"Воҳидҳои ҳифозати халқи" курдҳои Сурия имрӯз сешанбе ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки таппаи Телшаъир дар чаҳор килуметрии ғарби Кубониро аз Доъиш пас гирифтаанд.
Ҳамзамон созмони Дидабони Ҳуқуқи Башари Сурия мустақар дар Ландан, ки як гурӯҳи мухолифи ҳукумати Башор Асад аст, гузориш дода ки шибҳинизомиёни Давлати исломӣ се ҳамлаи интиҳорӣ алайҳи курдҳо анҷом додаанд.
Ин гурӯҳ мегӯяд, ки бар асоси иттилоъоте, ки аз минтақаи касб карда, Доъиш ҳамакнун ниме аз Кубониро ишғол кардааст.
То кунун ҳудуди 160 ҳазор нафар аз сокинони Кубонӣ аз ин шаҳр фирор карда ва ба Туркия паноҳ бурдаанд.
Ишғоли шаҳри Кубонӣ боъис хоҳад шуд, ки шибҳинизомиёни Давлати исломӣ ба як навори тӯлонии марзӣ миёни Туркия ва Сурия тасаллут пайдо кунанд.
Ройзанӣ дар Вошингтун
Таҳаввулоти ахир дар ҷабҳаи Кубонӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки қарор аст имрӯз, сешанбе, 14 октябр Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико барои баррасии роҳҳои муқобала бо гурӯҳи Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия бо фармондеҳони низомии беш аз бист кишвари ҷаҳон дар Вошингтун дидор кунад.
Набарди шаҳри курднишини Кубонӣ ба унвони маҳаке барои мизони ҳимояти ҷомеъаи байналмиллалӣ ва асари бахше ҳамалоти ҳавоии эътилоф дар ҳимоят аз нерӯҳои хати муқаддами ҷибҳа арзёбӣ мешавад.
Ба назар меояд, ки ҳамалоти ҳавоии ду ҳафтаи ахир алайҳи мавозеъи Доъиш дар Кубонӣ ба курдҳо кумак карда то пешравии ин гурӯҳро кунд кунанд.
Пештар аз ин борҳо ҳушдор дода шуда, ки Кубонӣ дар остонаи суқут қарор гирифтааст.
Дар ин миён давлати Туркия ба далели даргир нашудан дар Кубонӣ бавижа аз суи курдҳо дар сартосари ҷаҳон мавриди интиқод ва эътирози шадид қарор гирифтааст.
