Ҳамалоти ҳавоии тозаи Омрико ба гурӯҳи Давлати Исломӣ дар Кубонӣ

  • 10 Октябр, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Нерӯҳои курд бо вуҷуди худдории Туркия аз эъзоми нерӯ ба Кубонӣ ба муқовимат дар баробари гурӯҳи Далати Исломӣ идома медиҳанд.

Артиши Омрико бо интишори баёнияе аз ҳамалоти ҳавоии тоза ба мавозеъи шибҳнизомиёни гурӯҳи Давлати Исломӣ (ДОъиш) дар ҳаволии шаҳри курднишини Кубонии Сурия хабар додааст.

Дар баёнияи мунташиршуда омадааст, ки бумбафканҳои омрикоӣ 9 ҳадафи пайкорҷӯён, аз ҷумла як сохтмон, як дастгоҳ тонк ва як қабза мусалсали сангинро дар ҷануби Кубонӣ бумборон кардаанд.

Омрико мегӯяд як воҳиди бузурги нерӯҳои гурӯҳи Давлати Исломӣ ва ду воҳиди кучакро низ дар шимоли Кубонӣ ҳадаф қарор додааст.

Ҳамзамон бо ташдидид бумборонҳои Омрико, гузоришҳо ҳокист, ки шибҳнизомиёни курд, ки аз шаҳри Кубонӣ дифоъ мекунанд, ҳанӯз бештари бахшҳои шаҳрро кунтрул мекунанд.

Кубонӣ дар наздикии марзи Туркия ва Сурия воқеъ аст ва чандест, ки ба унвони нумоди муқовимат дар баробари пайкорҷӯёни Давлати Исломӣ дар конуни таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Мақомоти низомии Омрико мегӯянд, ки ҳамалоти ҳавоӣ ба танҳоӣ монеъ аз суқути ин шаҳр нахоҳад шуд. Бо ин вуҷуд дар зарфи 72 соъати гузашта ҳамалоти ҳавоии ҷангандаҳои омрикоӣ дар дифоъ аз Кубонӣ шиддат гирифтааст.

Бо вуҷуди ройзаниҳои фишурдаи Омрико Туркия сароҳатан дахолати низомӣ барои кумак ба ин шаҳри курднишинро рад кардааст.

Вазири умури хориҷаи Туркия мегӯяд, ки наметавон интизор дошт Туркия раъсан алайҳи гурҳӯи мавсум ба Давлати Исломӣ иқдом кунад.

Ӯ рӯзи панҷшанбе пас аз музокира бо фармондеҳи ҷадиди Ноту хоҳони эҷоди минтақаи парвоз мамнӯъ дар шимоли Сурия шуд.

Ӯ гуфт "Ин воқеъбинона нест, ки интизор дошта бошем Туркия раъсан ба амалиёти заминӣ (алайҳи Доъиш) даст бизанад."

"Мо дар ҳоли музокира ҳастем ва вақте ба тасмиме муштарак бирасем Туркия аз ифои нақши худ сар бознахоҳад зад."

Гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия мегӯяд, ки шаби гузашта як мақарри нерӯҳои мусаллаҳи курд ба дасти пайкорҷӯёни Доъиш афтода ва фармондеҳ ва сарбозони он кушта шуданд. Ба гуфтаи ин гурӯҳ ҳамчунин 43 узви Доъиш дар даргириҳои чаҳоршанбеи Кубонӣ кушта шуданд.

Давлати Туркия таҳти фишори шадид аст, ки ба гурӯҳҳои курд, ки дар Кубонӣ меҷанганд, кумак кунад.

Ба гуфтаи яке аз раҳбарони курд ду маҳаллаи шаҳр шаби гузашта ба дасти пайкорҷӯёни Доъиш афтодааст. Фаъъолони сурӣ мегӯянд Доъиш ҳамакнун кунтрули як севуми шаҳрро дар ихтиёр гирифтааст.

Омрико ва чанд кишвари дигар Доъишро дар Сурия ва Ироқ мавриди ҳамалоти ҳавоӣ қарор додаанд, аммо Туркия дар ин бора мавзеъи муҳтотонае гирифта ва аз ҷумла ба Омрико иҷоза надодааст, ки ҳамалоти ҳавоиро аз пойгоҳҳое дар Туркия анҷом диҳад.

Ихтилофоти Туркия бо ақаллияти курди ин кишвар ва собиқаи даргирии низомии тӯлонӣ бо ҳизби коргарони Курдистон яке аз далоили мавзеъгирии Туркия дониста мешавад.

Эътироз ба сиёсати давлати Туркия дар қиболи Кубонӣ, ки ба бархурди муътаризон бо пулис ва гурӯҳҳои исломгаро ва миллигаро анҷомида, то кунун беш аз 20 кушта бар ҷой гузоштааст. Рӯзи гузашта ҳам шаҳрҳои Туркия саҳнаи эътирозҳое буд ва муътаризон дар мавориде бо пулис даргир шуданд.

Матолиби муртабит