Бумбгузории интиҳорӣ дар беруни масҷиде дар Бағдод 11 кушта бар ҷой гузошт

  • 20 Октябр, 2014
Image copyrightAP
Image caption Ҳамалоти интиҳорӣ ахиран дар Бағдод афзоиш ёфтааст

Дастикам 11 нафар дар ҷараёни як бумбгузории интиҳорӣ дар беруни масҷиди мутааллиқ ба шиъиён дар Бағдод, пойтахти Ироқ кушта шуданд.

Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ ин дувумин ҳамлаи интиҳорӣ зарфи бисту чаҳор соъати гузашта дар ин шаҳр аст.

Гузоришҳо ҳамчунин аз маҷруҳ шудани ҳудуди 24 нафар дар натиҷаи ин бумбгузории интиҳорӣ ҳикоят дорад.

Таҳлилгарон муътақиданд, ки ин ҳамалот бахше аз талошҳои гурӯҳи мавсум ба давлати исломӣ (Доъиш) барои эҷоди раъб ва ваҳшат дар миёни мардуми сокини Бағдод аст.

Бо афзоиши ҳамалоти бумбгузоришуда дар рӯзҳои ахир дар Бағдод бими он меравад, ки пайкорҷӯёни Доъиш дар ҷараёни моҳи муҳаррам, ки дар поёни ин ҳафта оғоз мешавад, бар шиддати ҳамалоташон алайҳи шиъиён биафзоянд.

Пештар гуфта шуд, ки нерӯҳои Доъиш бо анҷоми як ҳамлаи интиҳорӣ пешравии артиши Ироқ барои бозпасгирии шаҳри Биҷӣ дар наздикии бузургтарин полоишгоҳи нафти Ироқро кунд кардаанд.

Амалиёти артиши Ироқ барои бозпасгирии Биҷӣ аз субҳи рӯзи гузашта шуруъ шуда буд, аммо Доъиш бо шабехун задан ба нерӯҳои ироқӣ монеъ аз пешравии онҳо шудааст.

Матолиби муртабит