Раиси пулиси Анбори Ироқ кушта шуд
Image copyrightAFPРаиси пилиси устони ноороми Анбор дар ғарби Ироқ дар инфиҷори як бумби канориҷоддаӣ кушта шуда ва ҳамзамон дар се бумбгузории интиҳорӣ дар шаҳри курднишини Қаратаппа дар устони Диёлаи Ироқ дастикам бист нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шудаанд.
Ба гуфтаи мақомҳои маҳаллии Анбор худрави ҳомили сартип Аҳмад Аддайламӣ, раиси пулис дар ҳоли гузар аз маҳалҳое дар шимоли шаҳри Рамодӣ, маркази Анбор буда, ки ҳадафи инфиҷор қарор мегирад.
Хабарнигорон мегӯянд кушта шудани оқои Дайламӣ зарбае бузург ба талошҳои давлати Ироқ барои мубориза бо шӯришиёни суннӣ дар устони Анбор хоҳад буд.
Тайи ҳафтаҳои ахир шибҳинизомиёни гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиш) ду пойгоҳи низомӣ дар устони Анборро ишғол кардаанд ва даргириҳо дар ҳумаи Рамодӣ ҳамчунон дар ҷараён аст.
Ду рӯз пеш мақомҳои устони Анбор хоҳони кумаки фаврӣ барои муқобала бо нерӯҳои Доъиш шуда буданд.
Мақомоти низомии Омрико вазъияти устони Анборро "шикананда" тавсиф кардаанд.
Инфиҷори интиҳорӣ дар Қаратаппа
Дар таҳаввуле дигар беш аз бист нафар дар инфиҷори се худрави бумбгузоришуда дар шаҳри Қаратаппа дар 120 килуметрии шимоли Бағдод кушта шуданд.
Ба гуфтаи Ваҳҳоб Аҳмад, шаҳрдори Қаратаппа ҳадафи ин инфиҷор, ки тавассути худрави бумбгузоришуда сурат гирифта, се маркази давлатӣ ва амниятӣ, аз ҷумла сохтмони шаҳрдорӣ будааст.
Бештари қурбониёни ин ҳамалот аз нерӯҳои курд будаанд, ки қасди сабти номи муҷаддад барои ширкат дар набард бо Доъишро доштаанд.
Кунтрули шаҳри Қаратаппа дар ихтиёри нерӯҳои курди ироқӣ аст.
Қаратаппа дар наздикии шаҳри Ҷалуло воқеъ шуда, ки аз ҷабҳаҳои калидии набарди нерӯҳои курд ва ироқӣ бо шибҳинизомиёни Доъиш будааст.
