Туркия ҷанг бо Доъишро ба талош барои барқарори демукросӣ дар Сурия машрут кард
Image copyrightReutersНахуствазири Туркия гуфта шарти мушорикати низомии ин кишвар дар ҷанг алайҳи Давлати Исломӣ, Доъиш, талош барои барқарории демукросӣ дар Сурия аст.
Рӯзи сешанбеи 28 октябр Аҳмад Довудуғлу, нахуствазири Туркия, дар мусоҳиба бо Би-би-сӣ, интиқоди кишварҳои ғарбӣ аз худдории кишвараш аз эъзоми нерӯ барои ҷанг бо Доъишро мардуд донист.
Нахуствазири Туркия дар айни ҳол гуфт: "Мо омодаи кумак ба ҳар нерӯе ва ба ҳар эътилофе аз тариқи истифода аз пойгоҳҳои ҳавоӣ ё туруқи дигар ҳастем, агар ин дарки муштарак вуҷуд дошта бошад, ки ҳадафи мо эҷоди як демукросии касратгаро дар Сурия ва мубориза алайҳи ҷиноят алайҳи башарият бошад, чи ин ҷиноят тавассути Доъиш, ба унвони як созмони теруристӣ, сурат гирифта бошад, чи режими Сурия муртакиби он шуда бошад, режиме саркӯбгар, ки сесад ҳазортан аз мардуми худро бо партоби мушаки Искод, аслиҳаи шимиёӣ ва гуруснагӣ ба коми марг фиристодааст. Интизори мо ин аст."
Оқои Аҳмадуғлу интизори Ғарб аз Туркия барои вуруд ба ҷанг алайҳи Доъишро ғайриқобили қабул хонд дар ҳоле ки ин кишварҳо худ аз эъзоми нерӯ ба ҷанг парҳез доранд. Вай гуфт: "Агар онҳо худашон моил нестанд воҳидҳои заминӣ ба ҷанг бифиристад, чи тавр аз Туркия интизор доранд нерӯи заминии худро ба ҷанг эъзом кунад, дар ҳоле ки ҳамон хатарот дар наздикии марзи мо вуҷуд дорад."
Нахуствазири Туркия афзуд: "Мутмаъин ҳастам, ки агар Туркия ба мудохилаи низомӣ дар Кубонӣ даст бизанад, бисёре аз ҳамин расонаҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ моро ба хатари мудохила дар умури дохилии як кишвари дигар ҳадафи интиқод қарор хоҳанд дод."
Дар мавриди кумак ба Кубонӣ дар баробари ҳамалоти нерӯҳои Давлати Исломӣ, оқои Аҳмадуғлу гуфт "ҳоло, ки кишварҳои дигар намехоҳанд воҳидҳои заминӣ ба ҷанг бифиристанд, танҳо роҳи кумак ба Кубонӣ, кумак ба эъзоми пешмаргҳои курд ва нафароти артиши озоди Сурия аст" ва афзуд, ки пешмаргҳои курд, бахше аз артиши Ироқ маҳсуб мешаванд.
Нахуствазири Туркия гуфт, ки кишвараш омода аст тасҳилоти лозимро барои эъзоми нерӯ аз соири кишварҳо ба Кубонӣ фароҳам кунад ва афзуд: "Ба ин тартиб, вақте артиши озоди Сурия ва пешмаргҳо гуфтанд, ки омодаи рафтан ба Кубонӣ ҳастанд, мо ҳам гуфтем, бисёр хуб, ва агар дигар кишварҳо, омрикоиён ва урупоиён ҳам моил ба эъзоми нафарот ҳастем, боз ҳам мегӯем бисёр хуб. Туркия ҳаргиз на нагуфтааст". Кубонӣ дар марзи Сурия бо Туркия воқеъ шудааст.
Довуд Аҳмадуғлу қудрат гирифтани Доъишро натиҷаи мустақими худдории Ғарб аз кумак ба нерӯи миёнарави ва мухолифи ҳукумати Сурия донист ва гуфт: "Аз ибтидо ба ҳамин муттаҳидони худ мегуфтем, ки агар аз нерӯҳои миёнарави сурӣ ҳимоят нашавад, натиҷаи он зуҳури бунёдгароӣ хоҳад буд ва мутаассифона ҳамин тавр ҳам шудааст."
