Ҷангандаҳои Туркия мавозеъи ПКК-ро дар наздикии марзи Ироқ бумборон карданд

  • 14 Октябр, 2014
Image copyrightAIRTEAMIMAGES
Image caption Ҷангандаҳои Эф 4-и Туркия

Ҷангандаҳои Туркия барои аввалин бор дар ду соли гузашта ва аз замони оғози музокироти сулҳ бо ПКК, ҳизби коргарони Курдистони Туркия, мавозеъи ин гурӯҳро бумборон карданд.

Гузоришҳо ҳокист, ки дар ин ҳамалот рустое дар устони Ҳакории наздики марзи Ироқ ҳадаф қарор гирифтааст.

Рӯзномаи "Ҳуррияти Туркия" гузориш дода, ки ҳамалоти ҷангандаҳои Эф-16-и Туркия, ки рӯзи душанбеи 13 октябр анҷом шуда, талафоти сангине ба ҷо гузоштааст.

Ин ҳамалот як рӯз баъд аз ҳамлаи нерӯҳои ПКК ба як посгоҳи марзӣ дар ҳамон минтақа сурат гирифт.

Расонаҳои Туркия ҳамчунин гузоришҳое аз даргирии миёни ПКК ва нерӯҳои Туркия дар атрофи шаҳри Тунҷалӣ дар шарқи Туркия ва дур аз манотиқи марзӣ мунташир кардаанд.

Ҳамалоти ҳавоӣ ба мавозеъи ПКК ҳамзамон бо хашму норизоятии ҷомеъаи курди Туркия аз дахолат накардани давлати ин кишвар дар вазъияти шаҳри марзӣ ва курднишини Кубонӣ дар Сурия сурат гирифтааст.

Кубонӣ аз чанд ҳафта пеш дар муҳосираи шибҳнизомиёни гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ (Доъиш) қарор гирифта ва нерӯҳои курд дар ҳоли муқовимат дар баробари ҳамалоти сангини ин гурӯҳ ҳастанд.

Матолиби муртабит