Эрдуғон: Ба ягонҳои мудофеъи халқ дар набард бо Доъиш кумак намекунем

  • 19 Октябр, 2014
Image copyrightEPA
Image caption Раиси ҷумҳури Туркия дархости Омрико барои таҷҳиз ва таслиҳи нерӯҳои мудофеъи Кубониро рад кард

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дархостҳо барои таҷҳизи нерӯҳои вобаста ба ҳизби аслии курдҳои Сурияро рад карда ва онҳоро "террурист" хондааст.

Оқои Эрдуғон гуфт, ки "ҳизби иттиҳоди демукротик" (дар Сурия) монанди Пикейкей, "ҳизби коргарони Курдистон" дар шӯришҳои сӣ соли ахир дар ҷануби Туркия нақш доштааст.

Давлати Туркия ба далели даргир нашудан дар набарди Кубонӣ мавриди интиқод қарор гирифта ва муттаҳам шудааст, ки дар қудрат гирифтани гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиш) нақш доштааст.

Шаҳри курднишини Кубонӣ дар шимоли Сурия, воқеъ дар марзи Туркия аз ду моҳ пеш таҳти ҳуҷуми шадиди шибҳинизомиёни гурӯҳи Доъиш қарор гирифта ва "ягонҳои мудофеъи халқ", шохаи низомии ҳизби иттиҳоди демукротик дар ҳоли дифоъ аз ин шаҳр ҳастанд.

Раиси ҷумҳури Туркия бо ишора ба дархостҳо барои кумаки таслиҳотӣ ба ягонҳои мудофеъи халқ дар набард бо Доъиш гуфт: "Ин таваққуъ бисёр бисёр беҷой аст, ки мо ба дархости Омрико барои чунин ҳимоятҳо ва кумакҳо ҷавоби мусбат бидиҳем."

Изҳороти оқои Эрдуғон дар ҳоле мунташир шуда, ки Кохи сафед аз муколамаи телефунии ӯ бо Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико дар бораи вазъияти Кубонӣ ва набард бо Доъиш хабар додааст.

Бано бар эъломи Кохи сафед ду раиси ҷумҳур дишаб (шанбе, 19 октябр) "ваъдаи идомаи мушорикати наздик барои тақвияти ҳамкориҳо алайҳи Доъиш" ро додаанд.

Шаҳри Кубонӣ дишаб ва имрӯз субҳ бори дигар ҳадафи ҳамалоти сангини шибҳинизомиёни Давлати исломӣ қарор гирифт, ки дар рӯзҳои гузашта маҷбур ба ақабнишинӣ шуда буданд.

Касрӣ Ноҷӣ, хабарнигори Би-би-сии форсӣ дар марзи Туркия мегӯяд, ки гулӯлаборони Доъиш рӯзи якшанбе фурӯкаш карда ва фазо нисбат ба субҳ оромтар шудааст.

Матолиби муртабит