Туркия: Ба нерӯҳои курди ироқӣ иҷозаи интиқол ба Кубониро медиҳем

  • 20 Октябр, 2014

Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷаи Туркия эълом кардааст, ки ин кишвар ба нерӯҳои курди ироқӣ, ки қасди ҷангидан бо пайкорҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ (Доъиш) дар Кубониро доранд, иҷоза медиҳанд, ки аз тариқи Туркия вориди хоки Сурия шаванд.

Вазири умури хориҷаи Туркия гуфт, ки музокира дар ин маврид ҳануз идома дорад, аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ кард.

Бо ташдиди даргириҳо дар Кубонӣ дар ҳафтаҳои ахир аксари ҷамъияти ин шаҳр аз хонаҳои худ ба навоҳии марзӣ гурехтаанд.

Туркия то кунун ба пешмаргҳои курд (нерӯҳои мусаллаҳи минтақаи худмухтори Курдистони Ироқ) ё соири довталабон иҷоза надодааст барои кумак ба курдҳо дар шаҳри Кубонии Сурия аз хоки Туркия убур кунанд.

Ин иқдоми Туркия бо интиқодҳои густарда мувоҷеҳ шудааст.

Вазорати умури хориҷаи Туркия ин хабарро дар ҳоле эълом карда, ки пештар Омрико аз рехтани маҳмулаҳои силоҳ, муҳимот ва тадорукоти пизишкӣ тавассути ҳавопаймоҳои артиши ин кишвар барои курдҳое, ки бо пайкорҷӯёни Доъиш дар ҷанг ҳастанд, хабар дода буд.

Матолиби муртабит