Вазири хориҷаи Сурия: Ҳамалоти Омрико Доъишро тазъиф накард
Image copyrightGettyВалид ал-Муъаллим, вазири умури хориҷаи Сурия, мегӯяд ҳамалоти ҳавоии думоҳаи Омрико натавонистааст гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё Доъишро тазъиф кунад.
Оқои Муъаллим рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо телевизиюни Лубнон гуфт танҳо роҳи муқобала бо Доъиш маҷбур кардани Туркия ба ташдиди кунтрули марзҳояш ва ҷилавгирӣ аз вуруди ҷангҷӯёни хориҷӣ ба Сурия аст.
Вай афзуд: "Агар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва Омрико Туркияро маҷбур ба кунтрули марзҳо накунанд, ҳамалоти ҳавоӣ боъиси аз байн рафтани Доъиш нахоҳад шуд."
Валид ал-Муъаллим аз тақозои Туркия барои ташкили минтақаи парвози мамнӯъ бар фарози Сурия интиқод кард ва гуфт ин кор амалан Сурияро тақсим мекунад.
Вазири умури хориҷаи Сурия ба шабакаи телевизиюнии Алмаёдин гуфт: "Тамоми шавоҳид нишон медиҳад, ки имрӯз, ду моҳ пас аз ҳамалоти ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии Омрико, Доъиш заъифтар нашудааст."
Туркия дорои як марзи 900-килуметрӣ бо Сурия аст.
Омрико ва муттаҳидонаш ҳамчунон ба ҳамла ба мавозеъи Доъиш дар Сурия ва Ироқ идома медиҳанд, аммо тайи ин муддат ҳам Доъиш ва ҳам нерӯҳои давлатии Сурия тавонистаанд манотиқе аз шимоли Сурияро аз чанги гурӯҳҳои мухолифи таҳти ҳимояти Омрико дароваранд.
Гурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ" ҳамчунон бахшҳои бузурге аз Сурия ва Ироқро дар кунтрул дорад.
