Доъиш 50 нафари дигар аз як қабилаи сунниро дар Ироқ қатли ом кард
Image copyrightAPАъзои як қабилаи суннӣ дар устони анбори Ироқ мегӯянд шибҳнизомиёни гурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ" (Доъиш) бори дигар даҳҳо нафар аз аъзои ин қабила аз ҷумла занон ва кӯдаконро қатли ом кардаанд.
Ба гуфтаи аъзои қабилаи "Албу Нимр" шибҳнизомиёни Доъиш дастикам панҷоҳ нафарро дар рустои Раъсулмоъ ба хат карда ва куштаанд.
Ба гуфтаи шоҳидон ин сеюмин бор аст, ки дар чанд рӯзи ахир Доъиш даҳҳо нафар аз аъзои ин қабилаи сунниро дар устони ноороми Анбор қатли ом мекунад.
Пайкорҷӯёни Доъиш дар ду куштори қаблӣ ҳам ҳар бор ҳудуди панҷоҳ нафар аз аъзои қабилаи Албу Нимрро кушта буданд.
Аъзои ин қабила тайи ҳафтаҳои гузашта бо пайкорҷӯёни Доъиш дар ҷанг буданд, аммо камбуди таҷҳизоти низомӣ ва маводи ғизоӣ боъис шуд, ки натавонанд ба муқобала бо ин гурӯҳ идома диҳанд.
Ба гуфтаи нозирон ин куштори ҷамъӣ бо ҳадафи эҷоди раъб ва ваҳшат ва ҷилавгирӣ аз пайвастани қабоили суннӣ ба набард бо Доъиш сурат мегирад.
Дар таҳаввуле дигар дар Ироқ инфиҷори як худрави бумбгузоришуда дар Бағдод дастикам дувоздаҳ нафарро кушт.
Ҳамзамон бо айёми азодории Тосуъо ва Ошуро тадобири амниятӣ дар Бағдод ва Карбало ба шиддат афзоиш ёфтааст.
