Пайкорҷӯёни Доъиш 50 узви як қабиларо дар Ироқ куштанд

  • 1 Ноябр, 2014
Image copyrightv
Image caption Пайкорҷӯёни Доъиш садҳо нафарро дар манотиқи васеъе аз Ироқ ва Сурия, ки ба кунтрули худ даровардаанд, куштаанд

Мақомоти ироқӣ аз куштори тозаи аъзои яке аз қабоили ироқӣ дар устони Анбор тавассути пайкорҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ", Доъиш, хабар додаанд.

Ба гуфтаи мақомоти ироқӣ, пайкорҷӯёни Доъиш дастикам панҷоҳ зану марди қабилаи Оли Бунимрро ба талофии муқобалаи ин қабила бо ин гурӯҳ ба гулӯла бастанд.

Ин ахбор дар ҳоле мунташир шуда, ки гӯрҳои дастаҷамъии ҳовии 80 то 220 ҷасад, ки бисёре аз онҳо мутаъаллиқ ба ҳамин қабила ҳастанд, пайдо шудааст.

Аъзои ин қабила тайи ҳафтаҳои гузашта бо пайкорҷӯёни Доъиш дар ҷанг буданд, аммо камбуди таҷҳизоти низомӣ ва маводди ғизоӣ боъис шуд, ки онҳо натавонанд ба муқобала бо ин гурӯҳ идома диҳанд.

Гуфта шуда, ки артиши Ироқ қодир ба кумак ба онҳо набудааст.

Пайкорҷӯёни Доъиш садҳо нафарро дар манотиқи васеъе аз Ироқ ва Сурия, ки ба кунтрули худ даровардаанд, куштаанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, кушторҳои ҷамъӣ истротежии Доъиш барои густариши ҷавви ваҳшат дар миёни мухолифони ин гурӯҳ ба шумор меравад.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи Дидбони ҳуқуқи башари Сурия, ки маркази он дар Бритониёст, ба Хабаргузории Фаронса гуфтааст, ки дастикам 100 пайкорҷӯи Доъиш тайи се рӯзи даргирӣ дар шаҳри Кубонӣ кушта шудаанд.

Рӯзи гузашта ҳудуди 150 пешмарги курди ироқӣ бо убур аз марзи Туркия барои дифоъ аз шаҳри Кубонӣ ба курдҳои Сурия пайвастанд.

Матолиби муртабит