Ҷангҷӯёни кӯчаки Доъиш: Писаре 13-сола шефтаи ваъдаи биҳишт

  • 8 Ноябр, 2014
'Абӯ Хаттоб'Image copyrightnon
Image caption 'Абӯ Хаттоб' рӯзҳояшро дар интернет мегузаронад, видиюҳои гурӯҳҳои ҷиҳодиро нигоҳ мекунад ва дар Фейсбук бо пайкорҷӯёни "Давлати исломӣ" чат мекунад

Дар як утоқи нишемани кӯчак дар ҷануби Туркия як писари 13-сола дар ҳоли таълим барои пайвастан ба гурӯҳи мавсум ба 'Давлати исломӣ' аст.

Ӯ, ки дар ҳоли истиқбол аз мост, як навҷавони шоди маъмулӣ ба назар мерасад: мӯҳояш ба ҳам рехтааст, чеҳрае башшош (шодмон) дорад ва як гармкуни кулоҳдори хокистарӣ бар тан дорад.

Вале ҳангоме ки барои мусоҳиба омода мешавем, ӯ ба утоқи канорӣ меравад, то либосҳояшро иваз кунад. Ӯ бо як ниқоби сиёҳ ва либоси низомӣ бозмегардад.

Ӯ мехоҳад ба номи 'Абӯ Хаттоб' шинохта шавад.

Ӯ, ки дар Сурия мутаваллид шуда, аввалин бор дар соли гузашта ба ифротгароӣ рӯй овард ва ба гурӯҳи тундрави Шомалислом пайваст.

'Сарашонро бибуред'

Ӯ дар онҷо таълимоти шаръӣ дарёфт карда ва ёд гирифта, ки чигуна аз силоҳи гарм истифода кунад. Ва бо ифтихор аксҳои худ дар ҳоли нишонагирӣ бо мусалсалро ба мо нишон медиҳад.

Ӯ ҳоло рӯзҳояшро дар интернет мегузаронад, видиюҳои гурӯҳҳои тундрави исломгароро нигоҳ мекунад ва дар Фейсбук бо пайкорҷӯёни 'Давлати исломӣ' чат мекунад.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Баъзе ҷиҳодиҳои ҷавон тавассути падар ва модарашон барои омӯзиш ба урдӯҳои низомӣ фиристода мешаванд

Ӯ мегӯяд, ки то чанд ҳафтаи дигар ба мақарри 'Давлати исломӣ' дар Раққа (Сурия) хоҳад рафт, то ба як сарбози ҷиҳодии ҷавон табдил шавад.

Ӯ мегӯяд: "Ман 'Давлати исломӣ'-ро дӯст дорам, чун онҳо ба дунболи иҷрои шариъатанд ва куффор, ғайрисунниҳо ва касонеро, ки аз ислом баргаштаанд, мекушанд."

"Касоне, ки тавассути 'Давлати исломӣ' кушта мешаванд, маъмури Омрико ҳастанд. Мо бояд ҳамон тур, ки Аллоҳ дар Қуръон гуфта, сари онҳоро бибурем."

Аз ӯ мепурсам, ки оё ба касоне, ки аз тариқи интернет бо онҳо дар тамос аст, синни худро гуфтааст?

Ӯ мегӯяд: "Авоил намегуфтам. Вале ахиран ба онҳо гуфтаам - ва ҳоло бештар бо ман тамос мегиранд ва бароям ахбору акс мефиристанд."

Аз ӯ мепурсам аммо чиро намехоҳад мисли дигарон аз кӯдакияш лаззат бибарад?

Ӯ мегӯяд: "Ман намехоҳам бо дӯстонам биравам берун ва бозӣ кунам. Аллоҳ ба мо дастур дода, ки барои зиндагии баъдӣ - дар биҳишт - кору мубориза кунем. Қаблан ба порк ва канори дарё мерафтам. Вале баъд фаҳмидам, ки иштибоҳ мекардаам - ҳоло ба сироти мустақим (роҳи рост) омадаам."

'Қудратҳои шайтонӣ'

Хонаводаи ӯ ҳоло дар Туркия зиндагӣ мекунанд. Аз ӯ мепурсам, ки дар он ҷо ё масалан дар Бритониё ҳам даст ба амалиёт хоҳад зад?

Image copyrightBBC World Service
Image caption 'Фотима' мегӯяд аз ин ки писарони дигараш аслиҳа ба даст нагирифтаанд, шармгин аст

Ӯ мегӯяд: "Бояд ба Бритониё ҳамла кунем, чун узви Ноту аст ва бо 'Давлати исломӣ' мухолиф аст, вале танҳо онҳоеро мекушем, ки ҳаққашон аст. Агар аз ман бихоҳанд, ки ба Туркия ҳамла кунам ва барои он ба ман дастури динӣ бидиҳанд, ин корро мекунам. Кори Ғарб базудӣ сохта аст."

Ӯ ва модараш, ки мехоҳад ӯро 'Фотима' биномем, дар хонаашон ба сабке обидона зиндагӣ мекунанд.

Фотима бештари замони худро сарфи Қуръон хондан мекунад ва изъон дорад, ки алоқаи шадиде ба пайкорҷӯён дорад.

Соли гузашта ӯ писарашро барои омӯзиш пеши гурӯҳи Шомалислом фиристод - вале мегӯяд ӯро шустушӯи мағзӣ надодаанд.

Ӯ мегӯяд: "Ӯро ҳеч вақт ташвиқ накардам, ки узви 'Давлати исломӣ' шавад."

"Ман аз бархе аз ақоиди онҳо ҳимоят мекунам ва аз бархе дигар, на. Вале фикр мекунам, ки онҳо ба кумаки мардуми Сурия омадаанд - бар хилофи қудратҳои шайтонии ин тараф ва он тарафи дунё."

'Раҳбари оянда'

Аз ӯ мепурсам, ки агар писарашро ташвиқ накарда, чи талоше карда, то ҷилави аз даст рафтани навҷавонии ӯ ва рӯй оварданаш ба хушунати ифротгароёнаро бигирад?

Ӯ мегӯяд: "Агар ӯ дӯст дошта бошад биҷангад, наметавонам ҷилавашро бигирам. Ҷанг ба бачаҳо кумак мекунад, ки зудтар бузург шаванд. Ман мехоҳам, ки ӯ ба як раҳбари оянда - як амир - табдил шавад."

Image copyrightnon
Image caption Бархе гурӯҳҳои ҷиҳодӣ аз сарбозони хурдсол ба унвони бумбгузори интиҳорӣ (худкуш) ва тактирандоз истифода мекунанд

Лаҳни ӯ ором-ором хашмгинтар мешавад. Хашмро метавон аз болои рӯсарие, ки сураташро пӯшонда, дар чашмҳояш дид.

Ӯ мегӯяд: "Агар ӯ ғарбиҳоро бикушад, нороҳат намешавам. Ман шармандаам, ки писарони дигарам дар гурӯҳҳои ҷомеъаи маданӣ ва ба таври сулҳомез фаъъолият мекунанд - онҳо бояд аслиҳа би даст бигиранд."

Аз ӯ мепурсам, ки агар писараш дар ҳоли ҷангидан барои 'Давлати исломӣ' кушта шавад, чи эҳсосе хоҳад дошт?

Ӯ макс мекунад ва пеш аз он ки сарашро пойин бияндозаду гиря кунад, мегӯяд: "Хушҳол мешавам."

100 дулор дар моҳ

Бино бар гузориши Созмони Милал, ки моҳи гузашта мунташир шуд, 'Давлати исломӣ' ба таври густарда дар ҳоли узвгирӣ дар байни кӯдакон аст - ва ин корро ағлаб бо тавассул ба зӯр мекунад.

Як видию, ки дар интернет мунташир шуда, ба номи 'Шербачаҳои Давлати исломӣ', як гурдон (баталён) аз кӯдаконро бо либоси комили низомӣ нишон медиҳад, ки аслиҳа ба даст гирифтаанд ва дар канори парчами сиёҳи 'Давлати исломӣ' истодаанд.

Image copyrightnon
Image caption Муҳаммад нигарон аст, ки ҳарду бародараш кушта шаванд

Гурӯҳҳои дигари ҷиҳодӣ низ аз сарбозони хурдсол истифода мекунанд. Дидбони Ҳуқуқи Башар ахиран гузориш дода, ки аз ин кӯдакон ба унвони бумбгузори интиҳорӣ ва тактирандоз истифода мешавад.

Дар шаҳри Ғозиъинтоб дар ҷануби Туркия бо яке аз фаъъолони ҷомеъаи мадании Сурия дидор кардем, ки ду бародари кӯчактараш - 13 ва 15-сола - қурбонии як гашти узвгирӣ тавассути Ҷабҳатуннусра, шохаи Алқоъида дар Сурия, шудаанд.

Муҳаммади 21-сола ба ман видиюе аз кӯчактарин бародараш дар ҳоли шиллики хумпора ба ҳамроҳи гурӯҳе аз пайкорҷӯён нишон медиҳад.

Дар аксҳои дигар ӯ мусалсал ба даст барои дурбин жест гирифтааст.

Муҳаммад мегӯяд: "Ман саъй кардам ҷилави бародаронамро бигирам, то узви Ҷабҳаи Нусрат нашаванд, вале эҳсоси ман барояшон муҳим набуд."

Ӯ мегӯяд: "Онҳо бояд алъон дар мадраса бошанд. Ҷабҳаи Нусрат ба бачаҳо дар моҳ 100 дулор медиҳад, то барояшон биҷанганд. Дар урдӯгоҳ ба онҳо кор бо аслиҳаро ёд медиҳанд. Кӯдакияшонро аз онҳо мегиранд."

Ҳарду бародар ахиран тавассути Доъиш дастгир шудаанд. Муҳаммад нигарон аст, ки онҳо базудӣ Ҷабҳаи Нусратро тарк кунанд ва барои 'Давлати исломӣ' биҷанганд.

Ӯ мегӯяд: "Бо бародари кӯчактарам дар хона хеле хуш мегузашт. Вале баъд ӯ тағйир кард. Вақте ба ӯ гуфтам, ки Ҷабҳаи Нусрат кишвари моро нобуд хоҳад кард, гуфт: «Хафа шав, вагарна мекушамат»."

Ӯ мегӯяд: "Вақте доштанд барои пайвастан ба Ҷабҳаи Нусрат мерафтанд, бо ҳардуи онҳо худоҳофизӣ кардам ва бо худам фикр кардам: дигар ҳеч вақт онҳоро намебинам. Мутмаиннам, ки рӯзе хабари кушта шудани онҳо ба дастам мерасад."

Image copyrightnon
Image caption Бародари Муҳаммад аз сӯи Ҷабҳатуннусра дар Сурия таълимоти низомӣ дида

Ҷанги Сурия солҳои сарнивиштсози умри як наслро табоҳ кардааст.

Пайкорҷӯён кӯдаконро ба унвони васила барои ин ҷанг шикор мекунанд ва маъсумияти онҳоро дар аввалин солҳои умрашон аз онҳо мерубоянд.

Дар ҳоле ки доштам хонаи 'Абӯ Хаттоб'-ро тарк мекардам, аз модараш пурсидам, ки писараш вақте кӯчактар буд, мехост дар оянда чикора шавад?

Ӯ механдад ва мегӯяд: "Халабон."