Ҳамлаи ҷангандаҳои сурӣ дар Албоб 21 кушта бар ҷой гузошт
Image copyrightReutersБар асоси гузоришҳои дарёфтӣ дастикам 21 нафар дар ҷараёни бумборони ҷангандаҳои давлати Сурия ба шаҳре дар шимоли шарқи он кишвар кушта шуданд. Гуфта шуда, ки ин шаҳр дар кунтрули нерӯҳои гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиш) қарор дорад.
Гурӯҳи Дидабони ҳуқуқи башари Сурия, ки маркази он дар Бритониё қарор дорад, аз маҷруҳ шудани ҳудуди яксад нафар дар ҷараёни ин бумборон хабар додааст.
Бар асоси ин гузориш ҳеликуптерҳои артиши Сурия ҳафт бушка бумбро тайи шаби гузашта бар шаҳри Албоб дар шимоли шарқ рехта ва мутаъоқиб он ҷангандаҳо ҳамалоти ҳавоӣ ба ин шаҳрро оғоз карданд.
Ба далели шиддати ҳамалот интизор меравад, ки бар шумори талафот афзуда шавад.
Аз замони оғози ҳамалоти ҳавоии нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Омрико аз беш аз як моҳ гузашта, артиши Сурия ҳам ҳамалотеро дар ғарби он кишвар ва ба манотиқе, ки дар кунтрули пайкорҷӯёни мавриди ҳимояти Ғарб қарор дорад, анҷом додааст.
Ҳамалоти ҳавоии нерӯҳои эътилоф дар Сурия бештар ба манотиқе дар шимол ва шарқ ва ба навоҳӣ дар марзи Туркия ва Ироқ, ки дар кунтрули пайкорҷӯёни Доъиш қарор дорад, муттамаркиз аст.
