Ҷабҳаи Нусрат ба шаҳри Идлиби Сурия
Image copyrightAFPГурӯҳи Ҷабҳаи Нусрат ва соири мухолифони мусаллаҳи давлати Сурия даст ба ҳамлае алайҳи шаҳри Идлиб задаанд ва муваққатан кунтрули чанд сохтмони давлатиро ба даст гирифтанд.
Ҷабҳаи Нусрат ва ҷангҷӯёнаш даҳҳо сарбози артиши Сурияро куштанд, аммо нерӯҳои давлатӣ баъд онҳоро аз шаҳр ақиб ронданд.
Давлати Сурия дар тӯли чанд соли ҷанги дохилӣ кунтрули Идлиб, дар шимоли ғарбии кишварро ҳифз кардааст. Ин шаҳр фақат барои муддати кӯтоҳе дар соли 2012 дар дасти мухолифон буд.
Ҷанги дохилии Сурия то кунун беш аз 200 ҳазор кушта ба ҷо гузоштааст.
Дар соири таҳаввулоти видиюӣ, ки тасаввур мешавад тавассути гурӯҳи Давлати Исломӣ тавлид шуда бошад, зоҳиран рабуда шудани Ҷон Кентлӣ, хабарнигори бритониёиро дар шаҳри курднишини Кубонӣ нишон медиҳад.
Дар ин видию оқои Кентлӣ ба ҳаводиси ду ҳафта қабл, аз ҷумла партоби маҳмулаҳои силоҳ ва муҳиммот аз ҳаво тавасстуи Омрико барои ҷангҷӯёни курд дар Кубонӣ ишора мекунад.
"600 ҳамлаи ҳавоӣ"
Хабарнигори Би-би-сӣ дар Бейрут мегӯяд дар ҳоле ки таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба амалиёти муртабит бо Доъиш маътуф будааст, Ҷабҳаи Нусрат ва муттаҳидони он дар ҳоли пешрафтҳои оҳистае дар шимоли ғарбӣ ва ҷануби Сурия будаанд.
Ба гузориши гурӯҳи Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия дар Бритониё ҳамлаи рӯзи душанбе ба Идлиб дар соъоти сапедадам шурӯъ шуд ва пайкорҷӯён аз ҳар сӯ ба шаҳр ҳамла карданд.
Бахши аъзами устони Идлиб дар кунтрули шӯришиён аст, аммо шаҳри Идлиб дар дасти нерӯҳои вафодор ба давлати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, боқӣ мондааст.
Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия мегӯяд, ки нерӯи ҳавоии Сурия дар як ҳафтаи гузашта 600 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом дода ва аз ҷумла бо чархбол бумби бушкаӣ рехтааст ва ҳудуди 180 ғайринизомӣ дар ин ҳамалот кушта шудаанд.
Давлати Башор Асад машғули набард бо гурӯҳҳои мусаллаҳе будааст, ки акнун дучори тафриқаи шадид ҳастанд.
Гурӯҳҳои шӯришии тундрав мисли Ҷабҳаи Нусрат ва Доъиш бо соири гурӯҳҳо дар набард будаанд.
