Нерӯҳои ироқӣ пайкорҷӯёни Доъишро 'аз шаҳри Бейҷӣ ақаб ронданд'

  • 15 Ноябр, 2014
БейҷӣImage copyrightAP
Image caption Нерӯҳои Доъиш моҳҳо Бейҷиро дар тасарруф доштанд

Мақомоти амниятии Ироқ ва телевизиюни давлатии он кишвар эълом кардаанд, ки нерӯҳои давлатӣ пайкорҷӯёни гурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ" (Доъиш)-ро аз шаҳри Бейҷӣ дар шимоли Бағдод ақаб рондаанд.

Пайкорҷӯёни Доъиш чандин моҳ аст, ки ин шаҳрро дар тасарруфи худ доранд.

Ин шаҳр дар наздикии бузургтарин полоишгоҳи нафти Ироқ қарор дорад.

Гуфта шуда, ки нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Омрико бо ҳамалоти ҳавоӣ аз нерӯҳои ироқӣ ва пешмаргаҳои курд дар набард бо пайкорҷӯёни Доъиш ҳимоят кардаанд.

Телевизиюни давлатии Ироқ ҳам ба нақл аз яке аз фармондеҳони артиши он кишвар "озодии шаҳри Бейҷӣ"-ро гузориш кардааст.

Нерӯҳои ироқӣ пештар ва дар авохири моҳи гузаштаи милодӣ амалиётеро барои кунтрули ин шаҳр анҷом дода буданд.

Аммо дар он замон нерӯҳои Доъиш бо анҷоми амалиёти интиҳорӣ аз пешравии нерӯҳои давлатӣ монеъ шуданд.

Дар авохири моҳи июн (авоили тир) нерӯҳои Доъиш гуфтанд, ки полоишгоҳи Бейҷиро ба таври комил ба тасарруфи худ даровардаанд.

Ба гуфтаи хабарнигорон, кунтрул бар полоишгоҳи Бейҷӣ барои идомаи тасаллути Доъиш бар манотиқи тасарруфшуда ва таъмини сӯхти шаҳри Мавсил ҳаётӣ аст.

Матолиби муртабит