Интишори паёми савтии мансуб ба Абубакри Бағдодӣ
Image copyrightepaПаёме савтии мансуб ба Абубакри Бағдодӣ, раҳбари гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломӣ (Доъиш), мунташир шудааст, ки дар он бар идомаи ҷанг таъкид мекунад
Ин паём тавассути Доъиш ва фақат чанд рӯз пас аз он мунташир мешавад, ки ахборе аз эҳтимоли захмӣ шудан ё марги Абубакри Бағдодӣ дар ҳамлаи нерӯҳои омрикоӣ ба гурӯҳе аз раҳбарони Доъиш мунташир шуд.
Дар паёми мансуб ба ӯ гуфта мешавад, ки пайкорҷӯёни Доъиш даст аз ҷанг нахоҳад кашид, "ҳатто агар як сарбоз боқӣ монда бошад."
Хабарнигорон мегӯянд, ки ин рекурд воқеъӣ ва тоза ба назар мерасад.
Ӯ аз раҳбарони Арабистони Саъудӣ ба унвони "сари мор" ном мебарад ва таҳдид ба анҷоми амалиёте дар ин кишвар мекунад.
Дар ин паём аз ҳаводорони Доъиш хоста мешавад, ки дар саросари ҷаҳон "оташфишонҳои ҷиҳодро шуълавар кунанд"
Ҳамлаи ҳафтаи пеши ҳавопаймоҳои омрикоӣ ба раҳбарони Доъиш дар наздикии шаҳри Мавсил анҷом шуд.
Дар ҳеҷ куҷои ин паёми 17-дақиқаӣ ишораи мустақиме ба он ҳамла намешавад, аммо ба бархе таҳаввулоте, ки пас аз он иттифоқ афтода, ишора мешавад.
Аз ҷумла дар он ба тасмими Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико барои эъзоми 1500 сарбози дигар ба Ироқ, ки билофосила баъд аз ҳамлаи ҳафтаи пеш дар наздикии Мавсил эълом шуд, ишора мешавад.
Доъиш ҳамчунин матни инглисии ин паёмро мунташир кард.
Ӯ мухолифони Доъишро "яҳудӣ, ҷангҷӯй, салибӣ, муртад... шайтон" мехонад ва мегӯяд, ки Омрико ва муттаҳидонаш "ваҳшатзада, заъиф ва нотавон ҳастанд."
Ӯ аз кишварҳои минтақаи халиҷи Форс, ки ба эъитлофи зиддидоъиш пайвастаанд, ба унвони "ҷинояткор" ном мебарад.
Дар ин рекурди савтӣ ҳамчунин гуфта мешавад, ки пайкорҷӯёни аҳли Миср , Алҷазоир ва Либӣ бо Доъиш байъат кардаанд ва эъломи вуруди 1500 мушовири омрикоии дигар ба Ироқро ба тамасхур мегирад ва мегӯяд ҳамалоти кишварҳои эътилоф шикаст хӯрда ва монеъи пешравии Доъиш нашуда.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин ҳамалот боъиси рондани нерӯҳои Доъиш аз нуқоти калидӣ мисли садҳо ва ҳамчунин шаҳри Кубонии Сурия шудааст, аммо намтеавон инкор кард, ки маҳбубияти ин гурӯҳ дар миёни ифротгароёни хушунатталаб дар Ховари Миёна ё ҳатто Урупо афзоиш ёфта.
Ҳамзамон Чок Ҳейгл, вазири дифоъи Омрико, гуфт, ки эътирлофи таҳти ҳидояти ин кишвар дар набард бо Доъиш дар ҳоли пешрафт аст, аммо бояд "барои як талоши тӯлонӣ ва сахт омада бошад."
Ӯ рӯзи панҷшанбе дар кунгре гуфт, ки "пешрафте доимӣ ва мустамар" алайҳи Доъиш ҳосил шуда.
Оқои Ҳейгл гуфт, ки ҳамалоти таҳти раҳбарии Омрико "ба уфти тавоноии ҷангии Доъиш кумак карда ва монеъи эҷоди паноҳгоҳҳои амн барои ҷангҷӯёни ин гурӯҳ шудааст."
Вазири дифоъи Омрико гуфт, ки "ин ҳамалот ба таври мустақим ва аз тариқи ҳимоят аз нерӯҳои ироқӣ марокизи фармондеҳӣ ва кунтрул, раҳбарӣ ва манобеъи даромади Доъишро ҳадаф гирифта ва тавоноиаш барои таҷаммуъи анбӯҳи нерӯро мухтал кардааст."
"Сикаҳои Доъиш"
Гурӯҳи Давлати Исломӣ бахшҳое аз Сурия ва Ироқро аз моҳи июн то кунун ишғол ва дар онҳо хилофати исломӣ эълом кардааст.
Рӯзи панҷшанбе маълум шуд, ки ин гурӯҳ тарҳеро барои зарби сикаҳои тило, нуқра ва мис эълом кардааст.
Баёнияе, ки дар вебсойтҳои ҷиҳодии вобаста ба ин гурӯҳ мунташир шуда, аммо мустақилан қобили таъйид нест, ҳокист, ки ин сикаҳо дар навоҳии таҳти к нтрули ин гурӯҳ роиҷ хоҳад шуд.
Ин баёния гуфт, ки ин сикаҳо барои муқобила бо "низоми золимонаи пули роиҷе, ки бар мусулмонон таҳмил шуда" зарб мешавад.
