Модари ҳуландӣ духтарашро аз мақарри Доъиш дар Сурия бозгардонд

  • 20 Ноябр, 2014
Image copyrightl
Image caption Йилмоз, ки муддате дар артиши Ҳуланд хидмат карда буд, маҳоратҳояшро ба дигар аъзои Доъиш мунтақил мекунад

Як модари ҳуландӣ муваффақ шуда духтарашро, ки барои васлат бо яке аз ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати Исломӣ (Доъиш) ба Сурия рафта буд, аз шаҳри Раққа баргардонд.

Вакили ин духтар ба номи Оиша ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки ӯ пас аз бозгашт ба шаҳраш Мострихт таҳти боздошт қарор гирифт.

Муник, модари Оиша пас аз он ки ӯ барои издивоҷ бо як узви Доъиш ба Сурия рафта буд, ин сафари пурмухотираро барои ёфтани ӯ анҷом дод.

Оиша яке аз занони гоҳ навҷавони урупоӣ аст, ки барои пайвастан ба Доъиш ба Сурия ва Ироқ рафтаанд.

Ӯ дар моҳи феврал Ҳуланро барои издивоҷ бо Умар Йилмоз, ки ҳуландӣ-турк аст ва замоне дар артиши Ҳуланд хидмат мекард, тарк кард.

Модарш ибтидо дар моҳи октябр ба Туркия рафт, то Оишаро пайдо кунад, аммо натавонист аз марз бигузарад.

Муник дар моҳи сентябр ба телевизиюни Ҳуланд гуфт, ки духтараш зарфи муддате кӯтоҳ аз як навҷавони шодоби ҳуландӣ ба як мусалмони родикол бадал шуд. Ӯ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоъӣ бо Умар Йилмоз дар тамос буд ва дар ниҳоят ошиқи ӯ шуд.

Модараш гуфт: "Ӯ Йилмозро навъе Робин Ҳуд медид."

пулис аз барномаи сафари Оиша ба Сурия бохабар шуд ва гузарномаи ӯ забт шуд, аммо ӯ бо истифода аз корти шиносоӣ сафар кард.

Йилмоз рӯзи чаҳоршанбе ба Оно Ҳулигон, хабарнигори Би-би-сӣ, гуфт, ки Оиша қарор буд бо ҷангҷӯйи дигаре издивоҷ кунад, аммо ин ҷангҷӯ кушта шуд ва Оиша бо ӯ издивоҷ кард.

Бо ин ҳол ӯ изофа кард: "Издивоҷи мо муваффақ набуд, ҷудо шудем. Ӯ роҳи худашро рафту ман роҳи худамро."

Оиша ҳафтаи пеш аз модараш дархости кумак кард ва Муник алорағми тавсияи пулис ба шаҳри Раққаи Сурия, мақарри Доъиш, сафар кард.

Ӯ духтарашро ёфт ва бо худ ба Туркия баргардонд. Онҳо муддате дар марзи Туркия нигаҳ дошта шуданд, аммо иҷоза ёфтанд ба Ҳуланд бозгарданд.

Мақомҳои ҳуландӣ аз ироаи ҷузъиёт дар мавриди ин мавзӯъ худдорӣ кардаанд.

Image copyrightl
Image caption Муник ҳафтаи пеш ба Раққаи Сурия рафт ва Оишаро бо худ овард.

Матолиби муртабит