Эрон ҳар гуна мудохила дар терури поп Жон Пули Дувумро такзиб кард

  • 26 Декабр, 2014
Image copyrightOSSERVATORE ROMANO ARTURO MARI
Image caption Поп Жон Пули Дувум дар даврони ҳабси Муҳаммадалӣ Оқҷо бо ӯ мулоқот кард

Сафорати Эрон дар Сербистон мегӯяд Теҳрон иддаъои Муҳаммадалӣ Оқҷо мабнӣ бар нақши Эрон дар терури поп Жон Пули Дувумро такзиб мекунад.

Муҳаммад Алӣ Оқҷо, шаҳрванди Туркия, дар соли 1981 попи вақтро дар майдони Сан Питери Вотикон ҳадафи гулӯла қарор дод, аммо поп ҷони солим бадар бурд.

Хабаргузории Оссушиэйтед Пресс рӯзи панҷшанбе гузориш карда, ки сафорати Эрон дар Белгрод, зимни такзиби иддаъои Муҳаммад Алӣ Оқҷо эълом карда Оятуллоҳ Хумайнӣ, дар замони ҳаёташ бо тамоми адён минҷумла поп, раҳбари котуликҳои ҷаҳон, иртиботи хубе доштааст.

Иллати вокуниши сафорати Эрон дар Белгрод ба ин иттиҳомот он будааст, ки тайи ҳафтаи гузашта Муҳаммадалӣ Оқҷо, тайи мусоҳибае бо телевизиюни Сербистон дар мавриди китобаш "Ба ман ваъдаи биҳишт дода буданд" муддаъӣ шуда, ки тайи мулоқоташ бо поп дар даврони ҳабс ба раҳбари вақти котуликҳои ҷаҳон аз иртиботи раҳбарони Эрон бо нақшаи терури ӯ сухан гуфтааст.

Ин дар ҳоле аст, ки пештар Вотикон ҳам ба судури баёнияе иддаъои оқои Оқҷоро, ки борҳо тағйир ёфта, такзиб карда буд.

Муҳаммадалӣ Оқҷо баъд аз терури номуҷваффақи поп дастгир ва ба ҳабси абад маҳкум шуд, аммо баъд аз дархости поп барои бахшудагии ӯ то соли 2010 дар Итолиё дар зиндон буд.

Дар он айём (майи 1981) баррасиҳои аввалияи пулиси Итолиё нишон дод, ки ӯ мутаъаллиқ ба гурӯҳи носиуонилисти ифротии "Гургҳои хокистарӣ" аст.

Даргириҳои ин гурӯҳ бо чапҳои Туркия дар даҳаи ҳафтоди мелодӣ ҳазорон кушта барҷой гузошт.

Оқҷо дар ноябри 1979 ба иттиҳоми қатли сардабири як рӯзномаи либерол маҳбус ва дар ҳоли муҳокима буд. Аммо ӯ аз зиндони Истонбул гурехт. Додгоҳ низ ӯро ба таври ғиёбӣ ба марг маҳкум кард.

Вай ба кишварҳои мухталифи урупоӣ рафт ва саранҷом се рӯз пеш аз ҳамла ба поп вориди Итолиё шуд

Ӯ дар бозҷӯиҳои аввалия гуфт бо гурӯҳҳои фаластинӣ муртабит аст. Аммо баъд сервиси ҷосусии Булғористон ва КГБ, созмони ҷосусии Шӯравии собиқро муқассир номид.

Ин теурии ӯ дар он айём то ҳудуде қобили бовар буд. Поп Жон Пули Дувум мунтақиди сареҳи кумунисм ва илҳомбахши ҷунбиши ҳамбастагӣ дар кишвари худ, яъне Лаҳистон буд.

Ин изҳорот мунҷар ба таъқиби се шаҳрванди Булғористон ва чаҳор табаъаи Туркия шуд.

Аммо иддаъоҳои аҷиби Оқҷо, аз ҷумла ин ки ӯ ҳазрати Исо аст, соири изҳороташро зери суол бурд ва саранҷом ҳар ҳафт мазнун дар соли 1986 табраъа шуданд.