Тарҳи кумитеи бонкии сенои Омрико алайҳи Эрон дар сурати шикасти музокироти ҳастаӣ

Кумитеи бонкии сенои Омрико тарҳи афзоиши таҳримҳо алайҳи Эрон дар сурати шикасти музокироти ҳастаӣ бо ин кишварро тасвиб кардааст.
Аз 22 узви ин кумите ҳамаи 14 сенотури ҷумҳурихоҳ ва 6 нафар аз даҳ узви демукроти кумите ба ин тарҳ раъйи мусбат доданд ва 4 сенотури демукрот бо он мухолифат карданд.
Ин тарҳ барои қонунӣ шудан бояд ба тасвиби маҷлиси сено бирасад. Боб Менендз, сенотури демукрот, гуфта то поёни моҳи март ин тарҳ ба сеноро ироа нахоҳад шуд.
Албатта Кохи Сафед гуфта набояд то поёни зарбулаҷали моҳи июн чандин тарҳеро тасвиб кард ва Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, низ таҳдид карда онро вету мекунад.
Ҷумъаи ҳафтаи пеш (23 январ) Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ҳушдор дода буд, ки агар кунгреи Омрико таҳримҳои тозаеро алйҳи кишвараш тасвиб кунад, музокироти ҳастаии кунунӣ шикаст хоҳад хӯрд.
Оқои Зариф, ки барои ширкат дар нишасти Маҷмаъи Ҷаҳонии Иқтисод ба Довус рафта буд, гуфт: "Мо тавофуқе доштем, ки бар асоси он чашмандозе барои расидан ба тавофуқе ҷомеъ тарсим шудааст."
Ба гуфтаи оқои Зариф, ҳар гуна тағйире дар шароит метавонад боъиси лағви тавофуқи аввалия шавад, ки беш аз як сол пеш дар Женев ба даст омад.
Ӯ гуфта буд тасвиби эҳтимолии таҳримҳои ҷадид дар кунгреи Омрико метавонад бо вокунише мутақобил аз сӯйи маҷлиси Эрон мувоҷеҳ шавад. Рӯзи панҷшанбеи 28 январ кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Эрон низ аз таҳияи тарҳе барои лағви тавофуқи ҳастаии Женев дар сурати эъмоли таҳримҳои тоза алайҳи Эрон хабар дод.
Ҳусейн Нақавӣ Ҳусейнӣ, сухнгӯйи ин кумиссиюн, гуфт ин тарҳ имзои 80 намояндаро дорад ва бар асоси он "дар сурате кунгреи Омрико таҳрими ҷадиде алайҳи Эрон тасвиб кунад, тавофуқи Женевро лағвшуда эълом мекунем ва ба роҳи худ идома медиҳем."
Ин тарҳ ҳанӯз ба ҳайъати раисаи Маҷлиси шӯрои исломӣ ироа нашудааст.
Дар айни ҳол, дар идомаи музокироти ҳастаии Эрон бо давлатҳои ғарбӣ муъовинони вазирони умури хориҷаи Эрон ва се кишвари урупоии узви Гурӯҳи 5+1 дар Истонбул дидор карданд, ки ин дидор бидуни расидан ба тавофуқи мушаххасе ба поён расид.
Аббос Ароқчӣ, муъовини вазири умури хориҷаи Эрон, ки дар ин музокирот ҳузур дошт, баъд аз ин гуфтугӯҳо дидор бо ҳамтоёни урупоии худро муфид донист, вале таъкид кард "дар вазъияте нестем, ки битавонем дар бораи пешрафти музокирот қазоват кунем."
Оштӣ бо демукротҳо
Ню-Йурк Тоймз рӯзи панҷшанбе навиштааст, ки пас аз хашмгин шудани демукротҳо аз тарҳи суханронии Бинёмин Нетонёҳу дар кунгре, нахуствазири Исроил кӯшидааст дар тамос бо раҳбарони демукротҳои кунгреи Омрико бо онҳо аз дари оштӣ дарояд, аммо муваффақ набудааст.
Ҳерӣ Ройд аз раҳбарони демукроти кунгре гуфтааст, ки оқои Нетонёҳу асри чаҳоршанбе бо ӯ тамос гирифта, то тавзеҳ бидиҳад, ки чаро бидуни иттилоъи Кохи Сафед, даъвати кунгреро барои суханронӣ қабул кардааст.
Оқои Ройд таъйид карда, ки Бинёмин Нетонёҳу бо дигар раҳбарони демукроти кунгре аз ҷумла Нонсӣ Плусӣ ва Чорлз Шомер ҳам тамос гирифтааст.
Як рӯз пас аз суханронии солонаи Борок Убомо дар кунгре ва таъкиди муҷаддадаш бар ин ки таҳримҳои тозаи кунгре алайҳи Эронро дар сурати тасвиб вету хоҳад кард, раиси Маҷлиси намояндагони Омрико Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроилро барои суханронӣ дар ҷаласаи кунгре дар бораи Эрон даъват кард.
