Омрико қонуни таҳрими Эронро тамдид мекунад

  • 13 Ноябр, 2014
Image copyrightAP
Image caption Убомо: Равобити мо бо Эрон ба шароити оддӣ барнагаштааст

Омрико қонуни вазъ ва иҷрои таҳримҳои иқтисодии якҷониба алайҳи Эронро тамдид мекунад ва ду сенотури омрикоӣ дар мавриди шароити лозим барои дастёбӣ ба тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон изҳори назар кардаанд.

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико дар номае ба кунгреи ин кишвар итилоъ додааст, ки дар назар дорад фармони иҷрои қонуни ихтиёри вазъи шароити изтирории иқтисодии байналмилалӣ алайҳи Эронро, ки аз сиву панҷ соли пеш иҷро шудааст, барои як соли дигар тамдид кунад.

Оқои Убомо дар номаи худ навиштааст, ки ба ин далел моил ба тамдиди вазъияти изтирорӣ дар равобит бо Ҷумҳурии Исломӣ аст, ки "равобити мо бо Эрон ба шароити оддӣ боз нагаштааст." Вай афзудааст, ки "Баёнияи Алҷазира", ки дар январи соли 1981 байни Эрон ва Омрико имзо шуд ва ба моҷарои гаравгонгирии диплумотҳои омрикоӣ дар Теҳрон поён дод, ҳанӯз ба таври комил иҷро нашудааст.

Пас аз ҳамла ба сафорати Омрико ва гаравгонгирии диплумотҳои омрикоӣ дар Теҳрон Ҷимӣ Кортер, раиси ҷумҳурии вақти Омрико дар рӯзи 16 ноябри соли 1979 ба кунгреи он кишвар эълом кард, ки "аз он ҷо ки шароити кунунии Эрон таҳдиде фавқулъода ва ғайриодиро мутаваҷҷеҳи амнияти миллӣ, сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди Иёлоти Муттаҳида мекунад ва ба манзури мувоҷиҳа бо ин таҳдид" фармони иҷрои қонуни ихтиёри вазъи шароити изтирории иқтисодӣ алайҳи Эронро содир кардааст.

Image copyrightAFP
Image caption Фармони иҷрои қонуни таҳрими Эрон пас аз ҳамла ба сафорати Омрико ва гаравгонгирии диплумотҳоии Омрико имзо шуд

Судури ин фармон ба давлати Омрико иҷоза дод то як ришта таҳримҳои тиҷорӣ ва молиро алайҳи Эрон ба иҷро бигузорад ва баъд бо истинод ба ҳамин қонун дороиҳои давлати Эрон дар Иёлоти Муттаҳидаро масдуд кунад.

Бар асоси қонуни фавқ муддати эътибори фармони иҷроии раиси ҷумҳурӣ як сол аст, магар ин ки вай ҳарсола бо ирсоли номае ба кунгре қасди худ ба тамдиди ин қонунро ба итилоъи намояндагони бирасонад. Рӯзи ҷумъаи ин ҳафта муддати иҷрои ин фармон вориди сиву шашумин сол худ мешавад ва тамомии раисони ҷумҳурии Омрико дар ин муддат қонуни фавқро тамдид кардаанд. То пеш аз инқилоби соли 1979 дар Эрон Иёлоти Муттаҳида шарики тиҷории умдаи Эрон буд, аммо вазъи таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ ин вазъиятро ба таври комил тағйир дод ва дар мавориде душвориҳои ҷиддиро барои эрониён ба дунбол овард.

Дар солҳои ахир ихтилоф бар сари барномаҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ заминасози ташдиди таҳримҳои хориҷии ҷадиде шуда, ки бархе аз онҳо бар асоси мусавваботи Шурои Амнияти Созмони Милал ҷанбаи ҷаҳонӣ дорад ва бархе дигар ба таври якҷониба умдатан тавассути кишварҳои ғарбӣ вазъ ва иҷро шудааст.

Image copyrightAP
Image caption Дар пайи интихоботи ахир мавқеъияти давлати Убомо дар робита бо кунгре тазъиф шудааст

Таҳримҳои якҷонибаи Иёлоти Муттаҳида алайҳи барномаи атумии Ҷумҳурии Исломӣ эҳтимолан бештарин фишори иқтисодиро бар Эрон ворид карда, зеро илова бар маҳдуд кардани иртиботи шаҳрвандон ва муассисоти тиҷорӣ, молӣ ва бонкии омрикоӣ бо Эрон, боъис шудааст то бисёре аз кишварҳои дигар низ аз бими иқдомоти манфии Иёлоти Муттаҳида дар заминаи иртибототи иқтисодӣ ва молӣ бо худ, камобеш аз ин таҳримҳо табаъият кунанд. Ҳафтаи гузашта Борок Убомо гуфт, ки таҳримҳои иқтисодӣ "воқеъан осори фалаҷкунанда бар иқтисоди Эрон гузошта" ва заминаи музокироти ҷиддӣ барои ҳаллу фасли буҳрони атумии ин кишварро фароҳам овардааст.

Тамдиди мабнои қонунии таҳрими иқтисодии Эрон тавассути Омрико дар ҳоле гузориш мешавад, ки дар интихоботи ахири Маҷлиси намояндагон ва Сенои он кишвар, ҳизби ҷумҳурихоҳ - ҳизби мухолифи Борок Убомо - тавонист дар ҳар ду маҷлис аксариятро дар даст бигирад. Бархе аз намояндагони ҷумҳурухоҳ башиддат бо коҳиши фишор бар Эрон мухолиф ҳастанд ва зимни интиқод аз он чӣ ки нармиши давлати Омрико дар қиболи барномаҳои атомии Ҷумҳурии Исломӣ медонанд, хостори идома ва ташдиди таҳримҳои ҷорӣ шудаанд . Шуморе аз намояндагони ҳизби Демукрот низ аз ин мавзеъгирӣ ҳимоят мекунанд.

Image copyrightEPA
Image caption Шикасти музокироти ҷорӣ чашмандози мусоъидеро тарсим нахоҳад кард

Ба гузориши хабаргузории Руйтерз рӯзи гузашта сенотури демукрот Роберт Менендез ва сенотури ҷумҳурихоҳ Морк Курк, ки тарҳе шомили таҳримҳои шадид алайҳи Эронро барои баррасӣ ва тасвиб таҳия кардаанд, гуфтанд, ки "як тавофуқи хуби" ҳастаӣ бо Ҷумҳурии Исломӣ бояд шомили маҳдудиятҳои ҷиддӣ барои тамомии таҳқиқот ва фаъолиятҳои ҳастаӣ ва бозрасии сахтгиронаи барномаҳои атумии Эрон бошад. Соли гузашта тарҳи пешниҳодии ин ду сенотур ба далели мухолифати раҳбарони демукроти Сенои Омрико, дар дастури кори маҷлиси қарор нагирифт, дар ҳоле ки коршиносон тасвиби онро дар сурати тарҳ дар маҷлис, эҳтимолан бо бархе таъдилот, номуҳтамил намедонистанд.

Ба гуфтаи бархе нозирон мумкин аст мақомоти давлати Омрико бо тамдиди таҳримҳои иқтисодӣ ва изҳороти гоҳ тунд алайҳи барномаҳои атумӣ ва сиёсатҳои Ҷумҳурии Исломӣ дар назар дошта бошанд аъзои кунгреро қонеъ кунанд, ки дар муқобала бо "хатари атумии" Эрон ҷиддӣ ҳастанд ва музокироти ҳастаиро бо таваҷҷуҳ ба тамомии абъоди ин масъала дунбол мекунанд. Мақомоти Омрико ҳушдор додаанд , ки иқдомоти тунди кунгре алайҳи Эрон мумкин аст музокироти кунуниро ба мухотира андозад ва имкони ҳалли буҳрони ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ аз роҳи гуфтугӯро аз миён бибарад.

Агарчи тамосҳои диплумотик ва музокироти пароканда барои ҳалли масъалаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ тайи як ҳафтаи гузашта ба таври мутановиб дар ҷараён буда, аммо музокироти ҷиддӣ бо гурӯҳи 5+1 аз поизи соли гузашта оғоз шуд ва ба тавофуқе муқаддамотӣ мунҷар гардид, ки қарор буд то тобистони соли ҷорӣ ба тавофуқи ниҳоӣ шомили рафъи таҳримҳои хориҷӣ мунҷар шавад, аммо чунин тавофуқе ба даст наомад.

Матолиби муртабит