Эрон: Ҳар таҳрими ҷадиде музокироти ҳастаиро ба шикаст мекашонад

  • 24 Январ, 2015
Image copyrightReuters
Image caption Вазири умури хориҷаи Эрон дар яке аз нишастҳои рӯзи ҷумъа дар Довус

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳушдор додааст, ки агар кунгреи Омрико таҳримҳои тозаеро алайҳи кишвараш тасвиб кунад, музокироти ҳастаии кунунӣ шикаст хоҳад хӯрд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, ки барои ширкат дар нишасти Маҷмаъи Ҷаҳонии Иқтисод ба Довуси Суис рафтааст, гуфт: "Мо тавофуқе доштем, ки бар асоси он чашмандозе барои расидан ба тавофуқе ҷомеъ тарсим шудааст."

Ӯ изофа кард, ки ҳар гуна тағйир дар шароит метавонад боъиси лағви тавофуқи аввалияӣ шавад, ки беш аз як сол пеш дар Женев ба даст омад ва тавзеҳ дод, ки мусаввабаи эҳтимолии кунгреи Омрико барои вазъи таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон метавонад бо вокунише муқобил аз сӯйи Маҷлиси Эрон мувоҷеҳ шавад."

Шуморе аз намояндагони кунгреи Омрико гуфтаанд, ки дар ҳоли баррасии мусаввабае дар бораи эъломи таҳримҳои бештар алайҳи Эрон ҳастанд, ҳарчанд ин иқдоми онҳо вокуниши давлати Омрикоро дар пай доштааст ва Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико гуфтааст, ки чунин мусаввабаеро вету хоҳад кард.

Эрон ва кишварҳои узви Гурӯҳи 5+1 дар озари соли 1392 дар чаҳорчӯби он чи таҳти унвони "Тавофуқномаи Женев" шинохта шуд, чорчӯберо барои музокира дар бораи фаъъолиятҳои ҳастаии Эрон таъйин карданд, ки бар асоси он барои расидан ба тавофуқи аввалияи шаш моҳ ба тарафайн фурсат дода шуд. Ин муҳлат то кунун чанд бор тамдид шудааст. Дар чаҳорчӯби ин тавофуқнома тарафҳои музокира бо Эрон пазируфтанд, ки дар тӯли муддате, ки гуфтугӯҳо дар ҷараён аст, таҳрими ҷадиде алайҳи он кишвар тасвиб ё иҷро нашавад.

Муҳаммадҷавод Зариф дар Довус гуфт, ки ба бовари ӯ ҳар фард ё гурӯҳе, ки бихоҳад тавофуқотеро, ки то кунун ҳосил шудаанд,тахриб кунад, "бояд аз тарафи ҷомеъаи байналмилал ба инзиво кашонда шавад, ҳол мехоҳад кунгреи Омрико бошад ё ҳар фарди дигар."

Ӯ изофа кард: "Акнун замони он расидааст, ки ҷомеъаи байналмилал (дар муқобили таҳдидҳои таҳримҳои ҷадид) маҳкам биистад."

Вазири умури хориҷаи Эрон расидан ба як тавофуқи ҳастаиро "дастоварде бисёр муҳим" хонд ва гуфт, ки тасвиби таҳримҳои ҷадид алайҳи кишвараш метавонад монеъи таҳақуқи чунн дастоварде шавад.

Расонаҳои Эрон гузориш кардаанд, ки оқои Зариф пеш аз он ки роҳии Довус шавад, ба ҳамроҳи тими музокиракунанда ва коршиносони ҳастаии Эрон ба шаҳри Зурихи Суис рафтааст.

Бар асоси гузоришҳо, муъовинони вазирони хориҷаи Эрон ва Омрико рӯзи ҷумъаи 23 январ дар Зурих бо ҳам музокира кардаанд а қарор аст ин гуфтугӯҳо рӯзи баъд ҳам идома дошта бошад.

Вазири умури хориҷаи Эрон шомгоҳи рӯзи ҷумъа дар ҳошияи сафараш ба Довус бо Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, дидор кардааст. Ҳанӯз ҷузъиёте дар бораи меҳварҳои мавриди баҳси тарафайн мунташир нашуда, вале интизор меравад, ки мавориди ихтилоф дар музокироти ҳастаӣ, аслитарин мавзӯъи гуфтугӯҳояш буда бошад.

Image copyrightAP
Image caption Вазирони умури хориҷаи Омрико ва Эрон дар ҳошияи музокироти ахири худ дар Женев

Матолиби муртабит