Вазири хориҷаи Эрон ба Афғонистон сафар кардааст

  • 20 Январ, 2015
Image copyrightMehr
Image caption Зариф гуфта барои густариши равобит бо Афғонистон ба Кобул сафар кардааст

Вазири хориҷаи Эрон ба Кобул сафар кардааст.

Рӯзи сешанбеи 20 январ Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон, вориди пойтахти Афғонистон шуд ва аз сӯйи Атиқуллоҳ Отифмал, сарпарасти вазорати хориҷаи Афғонистон, мавриди истиқбол қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории "Меҳр", Иброҳими Раҳимпур, муъовини Осиё ва Уқёнусияи вазорати умури хориҷа, Алиризои Рашидиён, устондори Хуросони Разавӣ ва Марзия Афхам, сухангӯйи вазорати умури хориҷа, оқои Зарифро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунанд.

Пойгоҳи иттилоърасонии вазорати хориҷаи Эрон гуфтааст, ки оқои Зариф дар тӯли ин сафар бо Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳурӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси шӯрои иҷроӣ ва Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури собиқи Афғонистон, мулоқот хоҳад кард. Вай дар дидор бо раиси ҷумҳурии Афғонистон даъватномаи Ҳасани Рӯҳонӣ барои сафар ба Эронро ба ӯ таслим хоҳад кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф ҳамчунин бо Никулос Ҳисам, намояндаи вижаи Созмони Милал дар умури Афғонистон, ҳам мулоқот хоҳад дошт.

Вазири хориҷаи Эрон ҳангоми вуруд ба Кобул аз ташкили давлати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон истиқбол кард ва афзуд: "Хушҳолам, ки ҳама мардуми ин кишвар ҳузурашонро дар давлат мушоҳида мекунанд ва ин фурсати хубе барои решакании ифроту терурисм ва муқобила бо нерӯҳои хориҷӣ аст."

Ҷавод Зариф гуфт, ки ҳадафи аслӣ аз ин сафар таъкид бар равобити наздики ду кишвар ва гуфтугӯ перомуни густариши ин равобит аст. Вай афзуд, ки Эрон ва Афғонистон дорои "равобити муштараки фарҳангӣ ва динӣ" ҳастанд ва ин иштирокот метавонад заминасози тақвияти равобит бошад. Вазири хориҷаи Эрон изҳор дошт, ки фурсати муносибе падид омада, то Эрон битавонад "саҳми ҷиддӣ дар пешрафти Афғонистон" дошта бошад.

Ба гузориши вебсойти вазорати хориҷаи Эрон, оқои Зариф ҳамчунин гуфт, ки "ифрот ва терурисм" аз чолишҳои муштараки ду кишвар аст ва афзуд, ки "баҳси об, толобҳо, маводди мухаддир ва муҳоҷирон аз мавзӯъоте аст, ки байни ду кишвар пайванди ногусастанӣ эҷод кардааст."