Зариф: Тавофуқ бо вуҷуди таҳрим бисёр мушкил аст
Image copyrightAFPВазири умури хориҷаи Эрон гуфтааст, ки ин кишвар тавофуқи "ноқис ва мубҳам"ро нахоҳад пазируфт ва таъкид кардааст, ки дар сурати идомаи таҳримҳо ба даст омадани тавофуқи ҳастаӣ миёни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ "бисёр мушкил" аст.
Оқои Зариф, ки барои дидор бо Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико ба Женев сафар карда, дар гуфтугӯ бо родию телевизиюни Эрон гуфт, ки давлати Омрико ба таҳримҳо ба чашми "сармоя" нигоҳ мекунад ва ҳадафаш ҳифзи фишор бар Эрон аст.
Ӯ аз таъкиди раҳбари ин кишвар бар як марҳалаӣ будани тавофуқ истиқбол кард ва гуфт: "Фармоишоти мақоми муъаззами раҳбарӣ дуруст хатте буд, ки мо ҳамвора дунболи он будем ва худамон ин таҳлилро доштем, ки тавофуқҳои кучак, мақтаъӣ ва ҷудогона ба нафъи кишвар ва музокиракунанадгон нест".
Оқои Зариф гуфт, ки аз онҷо ки "замони зиёде ба поёни муҳлат боқӣ намонда", Эрон тасмим гирифт, ки дар ин давр аз музокирот Алӣ Акбари Солеҳӣ (муъовини раиси ҷумҳур ва раиси Созмони энержии атумӣ) ва Ҳусайни Фаридун (бародар ва дастёри вижаи раиси ҷумҳур) ҳузур ёбанд то музокира ва тасмимгирӣ бо "ашрофи комил" сурат гирад.
Ӯ гуфт: "Дар ҳоли ҳозир ба шароите дар музокирот расидаем, ки баҳсҳои ҳастаӣ ниёз ба тасмимгирии ҷиддӣ дар сатҳи олии кишвар дорад".
Оқои Солеҳӣ дирӯз дар Женев бо Эрнест Муниз, вазири энержии Омрико дидор ва музокира кард.
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико пас аз ин дидор гуфт, ки ҳануз ихтилофоти асосӣ вуҷуд дорад.
Ӯ ҳушдор дод, ки давлати Омрико бо тамдиди музокирот мувофиқ нест ва агар тавофуқ дар муҳлати муқарар ба даст наёмад, Омрико омодагӣ дорад, ки аз музокирот хориҷ шавад.
Эрон ва гурӯҳи 5+1 рӯзи 24 ноябр тавофуқ карданд, ки музокиротро то поёни моҳи июни 2015 идома диҳанд, аммо қарор шуд тавофуқи куллӣ зарфи ҳаддиаксар чаҳор моҳ (авохири моҳи март) ба даст ояд ва бақия фурсат сарфи тавофуқ бар сари ҷузъиёт шавад.
Аммо оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон ахиран бо ду марҳалаӣ будани тавофуқ мухолифат кард ва гуфт: "Бо таҷрибае, ки аз рафтори тарафи муқобил дорем, эҳсос мекунам, ки ин василае хоҳад шуд, барои баҳонагириҳои пай дар пай барсари ҷузъиёт. Агар тавофуқ мекунанд, ҷузъиёт ва куллиёт ва ҳамаро дар як ҷаласаи воҳид тамом бикунанд, имзо кунанд".
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки ҳадафи тавофуқи эҳтимолӣ "хориҷ кардани ҳарбаи таҳрим аз дасти душман" хоҳад буд.
