'Нигаронии' Омрико аз дарзи иттилоъоти ҳассоси музокироти Эрон тавассути Исроил

  • 17 Феврал, 2015
раҳбарони Омрико ва Исроил Image copyrightReuters
Image caption Таниш миёни раҳбарони Омрико ва Исроил дар ҳафтаҳои ахир боло гирифтааст

Расонаҳои омрикоӣ ва исроилӣ аз тасмими Кохи Сафед барои маҳдуд кардани табодули иттилоъот бо Исроил дар бораи парванда ва музокироти ҳастаии Эрон хабар додаанд.

Нашрияи "Вошангтун Пуст" рӯзи душанбеи 28 баҳман (16 феврал) дар гузорише нивишт, ки шикофи беэътимодӣ миёни Исроил ва Омрико дар рӯзҳои ахир амиқтар шуда, ба ин далел ки Омрико мазнун аст, ки Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, иҷоза дода, ки иттилоъоти маҳрамонаи марбут ба музокироти атумии Эрон ба расонаҳо дарз кунад.

Дейвид Игнейшес, нивисандаи "Вошангтун Пуст", дар мақолае бо унвони "Тӯфоне вайронгар Ховари Миёнаро дар бар мегирад" ба нақл аз манобеъи худ дар давлати Омрико гузориш дода, ки тасмими Кохи Сафед барои маҳдуд кардани коноли иртиботӣ бо Исроил дар бораи музокироти Эрон ба ҳамин далел будааст.

Ба нивиштаи "Вошангтун Пуст", аз ҷумлаи иттилоъоти дарздодашуда мувофиқати Омрико бо фаъъол мондани ҳудуди 6500 дастгоҳ сотрифюжи насли аввали Эрон ба унвони бахше аз тавофуқи ниҳоӣ аст, ки тавассути як расонаи исроилӣ фош шуд.

Исроил мухолифи фаъъол мондани сонтрифюжҳо дар ҳар сатҳе ва ҳар гуна ғанисозии урониюм дар Эрон аст.

Такзиби 'қатъи иртибот'

Бо афзоиши танишҳои ахир миёни Омрико ва Исроил ва ошкор шудани ихтилофи назари раҳбарони ду кишвар бар сари парвандаи ҳастаии Эрон коноли дуи телевизиюни Исроил рӯзи якшанбеи 15 феврал гузориш дод, ки Кохи Сафед тамоми роҳҳои табодули иттилоъот бо Исроилро дар бораи парвандаи ҳастаии Эрон бастааст.

Кохи Сафед басуръат ин масъаларо такзиб кард, аммо рӯзномаи исроилии "Ҳооретс" рӯзи душанбе гузориш дода, ки бо вуҷуди такзиби "қатъи комили" табодули иттилоъот, коноли иртиботии ду тараф маҳдуд шудааст.

Ин рӯзнома ба нақл аз як мақоми аршади исроилӣ гузориш дода, ки омрикоиҳо ҳамчунон мақомҳои исроилиро дар ҷараён мегузоранд, аммо иттилоъоте бо "аҳаммияти камтар" ба онҳо медиҳанд.

_____________________

Рӯзшумори таниш

  • 12 январ: Бино бар гузоришҳо, Борок Убомо дар тамосе телефунӣ бо Бинёмин Нетонёҳу аз ӯ хост чанд моҳе ҳамалоти диплумотики худ алайҳи тавофуқ бо Эронро мутаваққиф кунад, то музокиракунандагони омрикоӣ Эронро водор ба маҳдуд кардани теъдод ва фаъъолияти сонтрифюжҳо кунанд. Аммо гуфта мешавад, ки оқои Нетонёҳу дар ин тамос хоҳони қатъи комили фаъъолиятҳои ҳастаии Эрон шудааст.
  • 21 январ: Ҷон Бейнер, раиси ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагони Омрико, аз нахуствазири Исроил даъват кард, то барои суханронӣ дар Кунгре дар моҳи март (пеш аз муҳлати тавофуқи сиёсӣ бо Эрон) ба Вошангтун биравад.
  • 22 январ: Кохи Сафед эълом кард, ки оқои Убомо дар сафари Бинёмин Нетонёҳу ба Вошангтун "ба далели наздик будани торихи интихоботи Исроил" бо ӯ дидор нахоҳад кард. Кохи Сафед гуфт даъвати ҷумҳурихоҳон аз нахуствазири Исроил бидуни ҳамоҳангӣ бо давлати Омрико буда ва ин корро нақзи прутукулҳои диплумотик хонд.
  • 25 январ: Нахуствазири Исроил аз тасмими худ дар пазириши даъвати суханронӣ дар Кунгреи Омрико дифоъ кард ва гуфт, ки аз назари ахлоқӣ худро мутаъаҳҳид медонад, ки аз ҳар мавқеъияте барои нишон додани "таҳдиди маргбори" Эрон алайҳи Исроил истифода кунад.
  • 9 феврал: Борок Убомо дар изҳороте камсобиқа гуфт: "Ман ва нахуствазири Исроил бар сари барномаи ҳастаии Эрон ихтилофи ҷиддӣ дорем. Мантиқӣ нест дар шароите, ки яке ду моҳ то такмили гуфтугӯҳо боқӣ монда, музокиротро талх кунем."
  • 16 феврал: Бинёмин Нетонёҳу дар як суханронӣ гуфт, ки Исроил комилан дар ҷараёни пешниҳодҳое аст, ки ба Эрон шуда ва аз омрикоиҳо пурсид, ки агар муътақиданд тавофуқи пешниҳодӣ тавофуқи хубест, чиро онро пинҳон мекунанд?

_____________________

Матолиби муртабит