Рӯҳонӣ дар бораи музокироти ҳастаӣ: Навбати тарафи муқобил аст
Image copyrightTASNIMҲасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, мегӯяд, ки кишвараш гомҳои лозимро дар музокироти ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ бардошта ва "акнун навбати тарафи муқобил аст, ки фурсатро муғтанам бмшуморад."
Оқои Рӯҳонӣ рӯзи сешанбеи 21 баҳман (10 феврал) дар дидор бо мушовири олии амнияти миллии Ҳиндустон дар Теҳрон гуфт, ки дар ин музокирот "пешрафтҳои хубе ҳосил шуда, ҳарчанд бо тавофуқи ниҳоӣ фосила дорем."
Раиси ҷумҳурии Эрон дар ҳоле аз бардоштани гомҳои лозим аз тарафи Эрон сухан гуфта, ки рӯзи гузашта Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, гуфт, ки кишварҳои "Панҷ ба иловаи як" тавофуқеро пешниҳод кардаанд, ки Эрон бояд дар бораи он тасмим бигирад.
Оқои Убомо ҳам гуфт, ки ихтилофҳо кам шуда, аммо ҳушдор дод, ки агар Эрон чорчӯби усулии пешниҳоди қудратҳои ҷаҳонӣ ва ҳадди ақаллҳои мавриди назари онҳоро напазирад, идомаи музокирот муфид нахоҳад буд.
Бо вуҷуди он ки ҳарду тараф аз коҳиши ихтилофҳо дар музокирот хабар медиҳанд, ба назар меояд ҳар кудом дигареро масъули бардоштани гоми баъдӣ медонад.
________________________________________________________________
Музокирот аз нигоҳи раҳбарон
Раиси ҷумҳурии Эрон: Дар ҳоли ҳозир пешрафтҳои хубе ҳосил шуда, ҳарчанд бо тавофуқи ниҳоӣ фосила дорем. Эрон гомҳои лозимро бардоштааст ва акнун навбати тарафи муқобил аст, ки фурсатро муғтанам бишуморад.
Раиси ҷумҳурии Омрико: Эрон қоъидатан бояд битавонад пешниҳоди қудратҳои ҷаҳониро бипазирад, аммо маълум нест, ки чунин хоҳад кард ё на... Агар Эрон чорчӯби усулии пешниҳоди қудратҳои ҷаҳонӣ ва ҳадди ақаллҳои мавриди назари онҳоро напазирад, тадовуми музокирот муфид нахоҳад буд.
Раҳбари Эрон: Ҳамаи ончи қарордод баста мешавад байни масъулини мо ва тарафи муқобил, бояд рӯшан, возеҳ ва ғайри қобили тафсир ва таъвил бошад... Албатта, бояд ба маънои воқеъии калима таҳрим аз дасти душман хориҷ бишавад, таҳрим бардошта бишавад.
______________________________________________________________
Ихтилоф бар сари тавофуқи сиёсӣ
Раиси ҷумҳурии Омрико рӯзи душанбе гуфт, ки мавзӯъи тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон дигар фаннӣ нест, балки ба иродаи сиёсӣ бастагӣ дорад.
Рӯзи сешанбе Алии Лориҷонӣ, раиси Маҷлиси Эрон, гуфт, ки Эрон музокироти сиёсиро муфид медонад, "аммо иддае рафтори тоҷирмаобона дар музокироти ҳастаӣ дунбол мекунанд ва ба дунболи чоназанӣ ҳастанд."
Ӯ омрикоиҳоро муттаҳам кард, ки музокираро бо "майдони таррабор" иштибоҳ гирифтаанд, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, "майдони музокира майдони истидлол аст, то тарафи муқобилро иғно (бениёз) кунед."
Мавзӯъи тавофуқи сиёсӣ пеш аз идомаи музокирот барои тавофуқи ниҳоӣ дар бораи ҷузъиёти фаннӣ рӯзи якшанбе дар изҳороти раҳбари Эрон ҳам матраҳ шуд.
Ӯ гуфт бо думарҳилаӣ шудани тавофуқ, он тур ки пештар ду тараф қабул карда буданд, мухолиф аст ва афзуд "агар тавофуқ мекунанд, ҷузъиёт ва куллиётро дар як ҷаласаи воҳид тамом бикунанд ва имзо бикунанд."
Муҳлат барои расидан ба тавофуқи куллӣ ё сиёсӣ дар музокироти ҳастаии Эрон авоили фарвардин (авохири моҳи март) таъйин шудааст.
Бар асоси матни тавофуқи моҳи ноябри гузашта дар Женев, баъд аз ин марҳила "дар сурати лузум аз бақияи замони боқимонда то охири июн (10 тири 1394) барои ниҳоӣ кардани ҷузъиёти фаннӣ ва таҳияи пешнивиси (ниҳоӣ) истифода мешавад.
