Музокироти ҳастаии Эрону Омрико дар Женев идома меёбад
Image copyrightAPАббоси Ароқчӣ, диплумоти аршади эронӣ, эълом кардааст, ки даври дигаре аз музокироти Эрону Омрико дар рӯзҳои оянда дар Женев анҷом мегирад.
Ӯ гуфтааст, ки рӯзҳои ҷумъа ва шанбе музокирот дар сатҳи муъовинони вузарои хориҷа баргузор хоҳад шуд ва пас аз он бино аст, ки дар рӯзҳои якшанбе ва душанбе Муҳаммадҷаводи Зариф ва Ҷон Керӣ, вузарои хориҷаи ду кишвар, бо ҳам мулоқот кунанд.
Оқои Ароқчӣ ба Ирно гуфт: "Эҳтимол дорад пас аз рӯзи чаҳорум музокира дар сатҳи "Панҷ ба иловаи як" ҳам анҷом шавад.
Ба дунболи тавофуқи муваққати Женев, Эрон ва кишварҳои "Панҷ ба иловаи як" даргири музокироте барои расидан ба тавофуқе ҳамаҷониба дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ҳастанд.
Ду тараф муҳлати расидан ба тавофуқро то тирмоҳи 1394 тамдид кардаанд. Гуфта мешавад тавоноии ғанисозии Эрон ва чигунагии оағви таҳримҳо аз мавзӯъоти мавриди ихтилоф аст.
Дирӯз Отяуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон, дар изҳори назаре бадбинона гуфт: "Банда ақидаам ин аст, ки агар масъалаи ҳастаӣ ҳамон тур ки онҳо дикта мекунанд, ҳам пеш биравад, боз ҳам таҳримҳо бардошта нахоҳад шуд.
Оқои Хоминаӣ ҳудуди як ҳафта пеш низ бо тавофуқи сиёсӣ дар бораи куллиёт ва сипас идомаи музокира бар сари ҷузъиёти фаннӣ мухолифат кард ва гуфт, ки тавофуқ бояд дар як марҳила анҷом бигирад.
Омрико мегӯяд, ки мехоҳад то авоили фарвардини соли оянда ба тавофуқе сиёсӣ бо Эрон бирасад.
Марзия Афхам, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон, дирӯз гуфт, ки мутобиқи назари Эрон тавофуқ дар як марҳила анҷом мегирад ва дар масири ин тавофуқ ду таарф дар бораи куллиёт ба "тафоҳум" мерасанд.
