Раҳбари Эрон дар мавриди музокироти атумӣ: Тавофуқ бояд дар як марҳала бошад

  • 8 Феврал, 2015
Оятуллоҳ Алии ХоминаӣImage copyrightkhamenei.ir

Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон дар мавриди музокироти атумии Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ гуфтааст, ки тавофуқ дар мавриди куллиёт ва ҷузъиёт бояд ҳамзамон ба даст ояд.

Оқои Хоминаӣ имрӯз, якшанбеи 19 баҳман (8 феврал) дар дидор бо гурӯҳе аз фармондеҳон ва афсарони нерӯи ҳавоии Эрон гуфт: "Ин ҳарфро, ки мегӯянд дар як барҳа дар бораи усули куллӣ тавофуқ шавад ва баъд дар бораи ҷузъиёт, намеписандам. Бо таҷрубае, ки аз тарафи муқобил дорем, инро василае барои баҳонагириҳои пай дар пай дар ҷузъиёт хоҳанд кард".

Ӯ гуфтааст, ки тавофуқ дар бораи куллиёт ва ҷузъиёт беҳтар аст "да як ҷаласаи воҳид" ҳосил шавад.

Ин дар ҳоле аст ки ду тараф бо тамдиди замони тавофуқи Женев, қарор гузошта буданд, ки то моҳи март ба як тавофуқи сиёсӣ дар мавриди чорчӯби куллии тавофуқи ниҳоӣ даст ёбанд ва то поёни моҳи июн ҳам ҷузъиёти тавофуқро ниҳоӣ кунанд.

Раҳбари Эрон дар суханронии имрӯзи худ ҳамчунин гуфт: "Тавофуқ накардан беҳтар аз тавофуқе аст, ки бо манофеъи миллати мо дар тазод бошад ва боиси таҳқири миллати бузурги Эрон шавад".

Оқои Хоминаӣ гуфт: "Банда бо тавофуқе, ки битавонад анҷом бишавад, мувофиқам, албата бо тавофуқи бад мувофиқ нестам.. . Омрикоиҳо мураттаб иегӯянд, ки тавофуқ накардан беҳтар аз тавофуқи бад аст, мо ҳам бо ин мувофиқем".

Ӯ гуфт ки музокиракунандагони атумии Эрон талош мекунанд, ки "ҳарбаи таҳримро аз дасти душман бигиранд. Агар тавонистанд, ки чӣ беҳтар, аммо натавонистанд ҳама бидонанд, ки роҳҳои фаровоне дар кишвар ҳаст ки ин ҳарбаро кунд мекунад".

Раҳбари Эрон таъкид кард, ки дар сурати тавофуқ, таҳрим бояд бардошта шавад.

Оятуллоҳ Хоминаӣ ҳамчунин гуфт: "Ҳамаи он чӣ ки байни масъулони мо ва тарафи муқобил қарордод баста мешавад, бояд рӯшан, возеҳ ва ғайриқобили тафсир ва таъвил бошад".

Ҳамзамон Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ки дар ҳошияи конфаронси амниятии Муних бо Ҷон Керрӣ, ҳамтои омрикоии худ дидор кардааст, гуфт ки дар сурати адами ҳусули тавофуқ миёни ду тараф "дунё ба охир намерасад".

Ӯ гуфт ки тамдиди дубораи муҳлати гуфтугӯ ба нафъи ҳеч як аз тарафайн нест.

Панҷ узви доими Шурои Амнияти Созмони Милал (Омрико, Бритониё, Фаронса, Чин ва Русия) ба ҳамроҳи Олмон дар ҳоли музокира бо Эрон ҳастанд то ихтилофот бар сари барномаи атумии ин кишварро ҳал кунанд.

Гуфта мешавад, ки зарфияти ғанисозии Эрон ва замонбандии лағви таҳримҳо алайҳи ин кишвар умдатарин мавориди ихтилофӣ боқӣ мондааст.

Матолиби муртабит