Ҷеймз Клепер: Эрон силоҳҳои зиёде барои набард бо Доъиш ба Ироқ бурда

  • 4 Март, 2015
Image copyrightReuters
Image caption Амалиёт алайҳи Доъиш дар Тикрит рӯзи душанбе шурӯъ шуд

Ҷеймз Клепер, мудири иттилоъоти миллии Омрико дар мусоҳибае бо шабакаи Си-би-эс гуфтааст, ки Эрон нақше ҷиддӣ дар муқобила бо Доъиш дар Ироқ дорад ва раиси ситоди муштараки артиши Омрико гуфтааст, ки ширкати Эрон дар амалиёти ин ҳафта дар Ироқ шаффофтар аз ҳамеша будааст.

Оқои Клепер, ки вазифаи ҳамоҳангии 17 созмони иттилоъотии Омрикоро ба уҳда дорад, дар мусоҳибааш бо Чорлӣ Раз, ки сешанбе аз Си-би-эс пахш шуд, гуфт, ки эрониҳо "миқдори зиёде силоҳ", аз ҷумла ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба Ироқ бурдаанд.

Оқои Клепер гуфт, ки Эрон "таъаҳҳуде ҷиддӣ дар ин набард" дорад ва шуморе аз эрониҳо дар зарфияти ироаи мушовира ба давлати Ироқ алайҳи гурӯҳи Давлати Исломӣ (Доъиш) кор мекунанд.

Женерол Мортин Демпсӣ, раиси ситоди муштараки артиши Омрико, ҳам дар як ҷаласаи сено гуфт, ки кумаки низомии Эрон ба шибҳнизомиёни шиъаи Ироқ чизи тозае нест, аммо дар амалиёти ин ҳафта дар Ироқ ба сурате шаффофтар анҷом шуд.

Амалиёти артиши Ироқ барои бозпасгирии шаҳри Тикрит аз Доъиш рӯзи душанбе шурӯъ шуд ва яке аз шибҳнизомиёни шиъаи ҳозир дар амалиёт ба Нафисаи Кӯҳнавард, хабарнигори Би-би-сии форсӣ, гуфт, ки Қосими Сулаймонӣ , фармондеҳи Сипоҳи Қудси Эрон ҳам барои мушорикат дар ҳидояти ин амалиёт ворид устони Салоҳиддин шудааст.

Женерол Демпсӣ дар ҷаласаи кумитеи хадамоти мусаллаҳонаи сено гуфт: "Ин аёнтарин ҳимояти Эрон аст", ки "дар қолиби кумаки тӯпхона" ва соири кумакҳо анҷом мешавад.

Женерол Демпсӣ гуфт: "Бепарда бигӯям, фақат дар сурате масъаласоз хоҳад буд, ки ба фирқаигарӣ мунҷар шавад."

Эштун Кортер, вазири дифоъи Омрико ҳам гуфт, ки ӯ ҳам нигарони таниши фирқаӣ аст ва Вошингтун аз наздик авзоъро зери назар дорад: "Умедворам фирқаигарӣ рӯи зишти худро ошкор накунад."

Image copyrightAP
Image caption Оқои Клепер гуфт, ки эрониҳо "миқдори зиёде силоҳ" ба Ироқ бурдаанд

Ҳарчанд ин аввалин бор нест, ки Эрон барои набард бо Доъиш ба Ироқ кумак мекунад, аммо ба гузориши расонаҳои Омрико мақомҳои омрикоӣ мегӯянд набарди Тикрит шоҳиди бузургтарин ҳимояти Эрон аз як амалиёти таҳоҷумӣ дар Ироқ аст.

Руйтерз ҳам дар гузорише навишт, ки эътилофи таҳти раҳбарии Омрико ҳанӯз дар амалиёти Тикрит ширкат накарда, ки шояд ба далели ҳузури Эрон бошад. Оқои Кортер гуфт, ки Ироқ барои ин амалиёт аз Вошингтун кумак нахостааст.

Ба гуфтаи женерол Демпсӣ шибҳнизомиёни шиъа ҳудуди ду севуми нерӯ дар амалиёти Тикритро ташкил медиҳанд ва боқӣ нерӯҳои артиши Ироқ ҳастанд.

Ҳарчанд Эрон ва Омрико ҳар ду бо Доъиш дар ҷанг ҳастанд, аммо мегӯянд дар ин замина ҳамкорӣ надоранд.

Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, ҳафтаи пеш гуфта буд, ки Иёлати Муттаҳида ва Эрон дорои "манофеъи муштарак" дар шикаст додани Доъиш ҳастанд, аммо ҳамкорӣ надоранд.

Манобеъи маҳаллӣ гуфтаанд, ки нерӯҳои давлатии Ироқ бо ҳимояти шибҳинизомиёни шиъа ва ҷангҷӯёни қабоили суннӣ дар дувумин рӯзи амалиёт барои бозпасгирии шаҳри Тикрит, мавқеъияти каме доштаанд.

Тикрит, ки зодгоҳи Саддом Ҳусейн, раҳбари собиқи Ироқ, аст, тобистони соли гузашта ба кунтрули нерӯҳои Доъиш даромад.

Матолиби муртабит