Муттаҳидони Доъиш дар Либӣ масъулияти ҳамла ба иқоматгоҳи сафири Эронро ба уҳда гирифтанд
Image copyrightReutersШибҳнизомиёни муттаҳиди гурӯҳи мавсум ба Давлати исломӣ (Доъиш) дар Либӣ масъулияти ҳамла ба иқоматгоҳи сафири Эрон дар Таробулус, пойтахтро бар уҳда гирифтаанд.
Субҳи имрӯз, якшанбеи 22 феврал ду бумб дар вуридии манзили сафири Эрон дар Либӣ мунфаҷир шуд, ки хисороти ҷонӣ дар пай надошт.
Сафири Эрон дар ҳангоми вуқуъи ин ҳодиса дар Либӣ набуда ва ба гузориши хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ, ИРНО сафорати Эрон дар Либӣ муддате аст, ки ба сурати муваққат таътил аст ва "сафир ба сурати тараддудӣ анҷоми вазифа мекунад".
Шибҳнизомиёни муттаҳиди Доъиш дар баёнияе дар Твиттер масъулияти ин бумбгузориро бар уҳда гирифтаанд.
Илова бар ин инфиҷор ин пайкорҷӯён масъулияти партоби рокет ба фурудгоҳи Лабрақ дар шаҳри Байдо воқеъ дар шарқи Либиро ҳам қабул кардаанд.
Марзия Афхам, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон дар вокуниш ба инфиҷори бумби "дастсоз" муқобили иқоматгоҳи сафири Эрон гуфтааст: "Таҳаввулот дар ин кишвар бояд аз тариқи тавофуқи сиёсӣ ва гуфтугӯи миллӣ миёни тарафҳои даргир ба натиҷа бирасад, то бо шаклгирии давлати ваҳдати миллӣ роҳ бар терруристҳо ва ифротгароён баста шавад."
Доъиш дар Либӣ
Шибҳнизомиёни муттаҳид ё вобастаи Доъиш ба тозагӣ ҳузур ва фаъолияти худро дар Либӣ башиддат афзоиш додаанд.
Ҳафтаи гузашта интишори филми марбут ба сар буридани 21 масеҳии қибтии аҳли Миср тавассути ин гурӯҳҳо дар Либӣ боъиси афзоиши нигаронии байналмилалӣ аз қудрат гирифтани онҳо дар Либӣ шудааст.
Вазъияти амниятӣ дар Либӣ аз замони суқути Муъаммар Қаззофӣ, раҳбари собиқи ин кишвар бесубот аст.
Чанд гурӯҳи мусаллаҳ дар ҳоли набард барои дар даст гирифтани кунтрули Либӣ ҳастанд ва ду давлати рақиб ҳамзамон дар Таробулус ва Тубруқ фаъолият мекунанд.
Бештари сафоратхонаҳои ғарбӣ соли гузаштаи мелодӣ ва бо авҷ гирифтани даргириҳо миёни гурӯҳҳои мусаллаҳи рақиб коркунони худро аз Таробулус хориҷ карданд.
