Масеҳиёни мисрӣ дар Либӣ ба дасти гурӯҳи Доъиш кушта шуданд

  • 16 Феврал, 2015
МисрImage copyrightAP
Image caption Калисои қибтии Миср ҳувияти қурбониёнро таъйид кардааст

Шибҳинизомиёни гурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ" (Доъиш) дар Либӣ видеуе мунташир кардаанд, ки дар он сар буридани 21 масеҳии қибтии мисрӣ ба намоиш даромадааст.

Ин гурӯҳ аз масеҳиёни қибтии Миср пештар ба дасти шохаи Доъиш дар Либӣ рабуда шуда буданд.

Дар видеуе, ки Доъиш мунташир карда, гурӯҳи масеҳиёни мисрӣ, ки либосҳои норанҷӣ ба тан доранд, дар наздикии дарё зону зудаанд ва шибҳинизомиён ба таври ҳамзамон сари онҳоро мебуранд.

Андаке пас аз интишори ин видеу Шӯрои амнияти миллии Миср ба дастури Абдулфаттоҳи Сисӣ, раиси ҷумҳурии ин кишвар, ташкили ҷаласаи изтирорӣ дод, то роҳҳои вокуниши муносиб ба иқдоми Доъишро баррасӣ кунад.

Ба гуфтаи оқои Сисӣ, Миср ҳаққи ҳар гуна вокуниш ба ин иқдоми гурӯҳи Доъишро барои худ маҳфуз медорад.

Раиси ҷумҳурии Миср ҳамчунин ҳар гуна сафари шаҳрвандони ин кишвар ба Либиро то иттилоъи сонавӣ мамнӯъ кард.

Бо вуҷуди густариши нооромиҳо дар Либӣ ҳазорон коргари мисрӣ дар ҷустуҷӯи кор ба ин кишвари ҳамсоя мераванд.

Image copyrightEPA
Image caption Мисриҳо ҳафтаи қабл бо баргузории роҳпаймоӣ хостори озодии шаҳрвандони қибтӣ шуда буданд

Шибҳинизомиёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Либӣ то кунун масъулияти шуморе аз ҳамалоти мусаллаҳона дар ин кишварро ба уҳда гирифтаанд.

Либӣ аз соли 2011, ки ҳукумати Муъаммар Қаззофӣ дар пайи эътирозҳои мардумӣ соқит шуд, фоқиди давлати марказии қудратманд аст ва гурӯҳҳои мусаллаҳ дар бахшҳои мухталифи он фаъъолият доранд.

Азои умумӣ

Ин гурӯҳ аз масеҳиёни қибтии Миср, ки дар шаҳри соҳилии Сирт дар Либӣ кор мекарданд, дар моҳҳои декабр ва январ ба дасти исломгароёне рабуда шуданд, ки акнун кунтрули ин шаҳрро дар даст доранд.

Гурӯҳе аз исломгароёни тундрав дар Либӣ, ки пештар бо гурӯҳи мавсум ба "Давлати исломӣ" байъат карда буданд, рӯзи якшанбе видеуи сар буридани ин шаҳрвандони мисриро мунташир кардааст.

Image copyrightAP
Image caption Бархе тазоҳуркунандагони мисрӣ ҳафтаи қабл давлати ин кишварро муттаҳам карданд, ки барои раҳоии гаравгонҳо аз дасти Доъиш дар Либӣаз худ инфиъол (бефаъъолиятӣ ё пассивност) нишон додааст

Бархе тазоҳуркунандагони мисрӣ ҳафтаи қабл давлати ин кишварро муттаҳам карданд, ки барои раҳоии гаравгонҳо аз дасти Доъиш дар Либӣ аз худ инфиъол (бефаъъолиятӣ ё пассивност) нишон додааст.

Доъиш дар ин видеу қурбониёнро "салибиюн" муъаррифӣ карда ва иллати буридани сари онҳоро диёнаташон донистааст.

Ин видеу аз сӯи раҳбарони Алазҳар, олитарин ниҳоди исломӣ дар Миср, "ваҳшиёна" тавсиф шудааст.

Давлати Миср ба ёди қурбониён як ҳафта азои умумӣ эълом кардааст.

Баровард мешавад, ки ҷомеъаи масеҳиёни қибтӣ байни 9 то 15 милюн тан аз ҷамъияти 87-милюннафарии Мисрро ташкил медиҳанд.

Матолиби муртабит