Амалиёти артиш сокинони Бенғозиро маҷбур ба тарки хонаҳояшон кард

  • 3 Ноябр, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Либӣ аз замони суқути ҳукумат Муъаммар Қаззофӣ саҳнаи даргириҳои хушунатомез аст

Артиши Либӣ аз сокинони яке аз манотиқи марказии шаҳри Бенғозӣ хостааст то қабл аз анҷоми амалиёти низомии муҳимме алайҳи пайкорҷӯёни исломгаро ин манотиқро тарк кунанд.

Аз замони оғози амалиёти артиш барои бозпасгирии ин шаҳр аз пайкорҷӯёни исломгаро дар моҳи гузашта беш аз 200 нафар дар ин шаҳр кушта шуданд.

Дар шаҳри Бенғозӣ байни нерӯҳои вижаи артиш, ки ба женерол Халифа Ҳафтар (аз фармондеҳони собиқи артиши Либӣ) вафодор ҳастанд ва гурӯҳҳои пайкорҷӯи исломгарое, ки кунтрули бахшҳои васеъе аз ин шаҳрро дар даст доранд, даргириҳо дар ҷараён аст.

Нерӯҳои вафодор ба женерол Ҳафтар дар ҳафтаҳои ахир ҳамалоти ҳавоии худ ба мавозеъи гурӯҳҳои исломгаро ва аз ҷумла Ансорушшариъаро ташдид кардаанд. Ансорушшариъа дар феҳристи гурӯҳҳои терруристии давлати Омрикост.

Либӣ аз замони суқути ҳукумати Муъаммар Қаззофӣ, раҳбари собиқи ин кишвар дар соли 2011 мелодӣ саҳнаи даргириҳои хушунатомез миёни гурӯҳҳои рақиб, ки ба сарнигунии ҳукумати Қаззофӣ кумак карданд, будааст.

Гуфта шуда садҳо нафар дар ҷараёни даргириҳои ахир дар Либӣ кушта шуда ва ҳазорон нафар барои фирор аз хушунатҳо аз хонаҳо гурехтаанд.

Матолиби муртабит