Парвози ҷангандаҳои ношинос бар фарози Таробулус

  • 18 Август, 2014
шибҳинизомиёни ЛибӣImage copyrightReuters
Image caption Гурӯҳҳои мухталифи шибҳинизомӣ аз замони суқути Муъаммар Қаззофӣ кунтрули бахшҳои мухталифи Либиро дар даст доранд

Сокинони шаҳри Таробулус, пойтахти Либӣ мегӯянд чанд ҷети ҷангандаи ношинос бар фарози ин шаҳр мушоҳида кардаанд ва чандин садои инфиҷорро шунидаанд.

Як хабарнигори Би-би-сӣ дар Таробулус мегӯяд як мақоми олирутбаи вазорати хориҷаи Либӣ гуфта, ки ҳукумати ин кишвар намедонад ин ҷетҳо аз куҷо омадаанд.

Баъд аз он ки яке аз расонаҳои маҳаллӣ гузориш дод, ки пои Фаронса, Итолиё ва НОТУ дар ин парвозҳо дар миён аст, як мақоми Созмони Милал дар Таробулус ба хабарнигори Би-би-сӣ гуфт, ки ин кишварҳо дар ин масаъла дахил набудаанд.

Таробулус муддате аст ором шуда ва садои гулӯла ва мушаки мудовими гурӯҳҳои мухталифи даргир дар он шунида намешавад.

Рӯзи якшанбе як ҳайати Созмони Милал, маъмур дар Либӣ гуфт аз ин ки ҳеҷ навъ масъулияти байналмилалӣ барои ҳусули оташбаси фаврӣ вуҷуд надорад, бисёр мутаассиф аст.

Дар ҳафтаҳои гузашта садҳо нафар дар хушунатҳои миёни гурӯҳҳои шибҳинизомии рақиб дар Либӣ кушта шудаанд.

Аз октябри соли 2011 баъд аз суқути Муъаммар Қаззофӣ Либӣ ҳамвора дастхуши нооромӣ ва беқонунӣ будааст.

Аз он замон кунтрули бахшҳои мухталифи кишвар ба дасти гурӯҳҳои мухталифи шибҳинизомӣ аст ва давлатат муваффақ нашуда дар кишвар назм ва амният барқарор кунад.

Матолиби муртабит