Чин садҳо коргари чиниро аз Либӣ хориҷ кард
Image copyrightBBC World ServiceМақомҳои чинӣ наздик ба 900 коргари чиниро, ки дар даргириҳои Либӣ гир афтода буданд, аз ин кишвар хориҷ кардааст.
Як мақоми чинӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки танҳо чанд шаҳрванди Чин акнун дар Таробулус ҳузур доранд
Чин дар ҳинни ҷанги дохилии Либӣ дар соли 2011 низ беш аз 35 ҳазор нафар аз атбоъи худро аз ин кишвар хориҷ карда буд.
Ҳафтаи пеш нерӯи дарёии салтанатии Бритониё шаҳрвандони Бритониё, Ирланд ва Олмонро аз Либӣ хориҷ кард.
Чандин кишварҳои ғарбӣ низ ба далели густариши хушунатҳо, сафоратхонаҳои худро дар Либӣ то иттилоъи сонавӣ таътил кардаанд.
Дар як моҳи гузашта садҳо нафар дар хушунатҳои миёни гурӯҳҳои шибҳнизомии рақиб дар Либӣ кушта шудаанд.
Ин даргириҳо ҳамакнун ба фурудгоҳи байналмилалии Таробулус кашида шудааст.
Гузориш шуда, ки даргириҳои шадиде ҳам дар шаҳри Бенғозӣ дар шарқи Либӣ дар ҷараён аст.
Аз замони суқути Муъаммар Қазофӣ дар октябри соли 2011 Либӣ дастхуши нооромӣ ва беқонунӣ будааст.
Гурӯҳҳои шибҳнизомӣ кунтрули бахшҳои мухталифи кишврро дар даст доранд ва давлатҳои Либӣ дар ин чанд сол муваффақ нашудаанд назму амниятро дар кишвар барқарор кунанд.
